Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Президенти Қазоқистон мегӯяд, дин дар таъмини сулҳи ҷаҳонӣ нақши вижа дорад
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар мулоқот бо намояндагони адёни ҷаҳонӣ таъкид кард, ки дин дар таъмини сулҳ дар замоне, ки низоъҳо меояфзоянд, нақши вижа дорад.
Қосим-Жомарт Токаев дар суханронии худ дар нишасти навбатии Съезди роҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннатӣ дар шаҳри Остона зикр кард, ки аз роҳбарони динӣ умедҳои зиёд доранд, зеро онҳо масъулияти махсусро барои рушди муколамаи байнитамаддунӣ ва таҳкими эътимод миёни инсонҳо ва ҷомеа бар дӯш доранд.
“Бовар дорам, ки роҳбарони динӣ ҳамаи кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то ҷаҳони мо ба гирдоби бесарусомонӣ наафтад. Онҳо бояд ба сиёсатмадорони зиёд зарурати хирад, некӣ ва масъулияти ахлоқиро хотиррасон кунанд. Дар сатҳи байналмилалӣ аз ҳоло чунин намунаҳои илҳомбахш вуҷуд дорад”- гуфт Қосим-Жомарт Токаев.
Президенти Қазоқистон мисол овард, ки Съезди роҳбарони адёни ҷаҳониву суннатӣ “Санади бародарии инсонӣ”, “Эъломияи Макка”, “Форуми Баҳрайн” ва “Хонаи оилаи Иброҳим” дар Иморат аст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки дин метавонад ба қувваи пуриқтидори муттаҳидсоз табдил ёбад, агар ҳамагон бо ҳам амал кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад