“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Мулоқоти намояндагони парлумони Аврупо бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Душанбе
Рӯзи 16-уми сентябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён бо ҳайати вакилони парлумони Иттиҳоди Аврупо доир гардид.
Даврон Сафарзода, ректори Академия зимни суханронӣ таъкид кард, ки чунин дидорҳо барои густариши ҷаҳонбинии сиёсии донишҷӯён ва боло бурдани сатҳи маърифати онҳо нақши муҳим доранд. Ӯ таъкид кард, ки ҳадафи Академия тайёр кардани кадрҳои идоракунии давлатӣ аст ва аз ин сабаб, ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса дорад.
Роҳбарияти ҳайати парлумони Иттиҳоди Аврупо Ҷузеппина Принчи низ гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо ба рушди соҳаи маориф ва ҷавонон аҳамияти махсус медиҳад.
“Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки дар самти таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои мушаххас анҷом диҳад” – зикр кард Ҷузеппина Принчи.
Дар ҷараёни мулоқот донишҷӯён ба суолҳои худ вобаста ба демократия, мубодилаи таҷриба, имкониятҳои таҳсил дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаи иштироки Академия дар барномаҳои минтақавию байналмилалӣ ва лоиҳаҳои таҳқиқотии Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карда, ба созиш расиданд, ки гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода шаванд. Дар асоси созишномаҳои оянда татбиқи як қатор лоиҳаҳои мушаххас низ дар назар аст.
Ду ҷониб таъкид намуданд, ки ин гуна мулоқотҳо барои таҳкими робитаҳои инсонӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид