Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Рустами Эмомалӣ бо раиси парлумони Қирғизистон мулоқот намуд
Имрӯз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душнбе бо Нурланбек Тургунбек уулу, Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот кард.
Тибқи иттилоъ, ҷонибҳо масъалаи рушди муносибатҳои дуҷониба, бахусус ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ба аҳамияти муколамаи мунтазам ва натиҷаи сафарҳои давлатии сарони ду кишвар таъкид карда, нақши парламентҳоро дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои дӯстона муҳим арзёбӣ карданд.
Зикр шуд, ки имзои шартномаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ҳамчунин, эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дорои аҳамияти таърихӣ аст.
Ҳамчунин, масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла сода кардани расмиёти гумрукӣ, таъсиси долони нақлиётию логистикӣ миёни Душанбе ва Бишкек, рушди сармоягузории муштарак ва ҳамкории саноативу кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳар ду ҷониб тамоюли мусбати афзоиши гардиши молро дар соли ҷорӣ таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин, ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ, маориф, тандурустӣ, варзиш ва ҷавонон, ҳамкории байналмилалӣ дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва мубориза бо терроризм, экстремиз ва ҷинояткории фаромилӣ баррасӣ шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад