Илон Маск дар бораи Толибон: “Вазъи занону духтарон дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон бисёр нигаронкунанда аст”
Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд
Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд
Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Ҷавод Зариф: “Сулҳ ягона таҳдиди вуҷудӣ барои Исроил аст”
Ҷавод Зариф, Вазири корҳои хориҷии собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Қатар гуфт, ки ин воқеа нишон дод, сулҳ барои Исроил таҳдиди ҳақиқии вуҷудӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷавод Зариф дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки “Ҳуҷуми шармовари Исроил ба Қатар собит намуд, ки Ғарби Осиё дар остонаи суқут қарор гирифтааст. Ин минтақа бояд интихоб кунад: идомаи таҷовузи беинтиҳо ё оғози ҳамкории воқеӣ”.
Ҷавод Зариф таъкид намуд, ки ҳамла ба музокиракунандагони сулҳ дар Қатар бори дигар собит месозад, ки Исроил сулҳро таҳдиди аслӣ барои худ мебинад. Ба гуфтаи ӯ, бомбаборонҳои Исроил "ҳич хатти сурхе” –ро риоя намекунад ва боиси бесуботии бештар дар минтақа мешавад.
Ин изҳороти Ҷавод Зариф дар ҳоле садо медиҳад, ки ташаннуҷ миёни Исроил ва Ҳамос ба Қатар низ кашида шудааст. Ин кишвар дар солҳои ахир нақши миёнҷигарро дар гуфтугӯҳои сулҳи Ҳамос бо Исроил бар уҳда дошт. Ҳоло ин кишвар ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил қарор гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раҳбари ҳизби чапгарои Фаронса: Эрон ҳаққи дифоъ аз худро дорад
Илон Маск дар бораи Толибон: “Вазъи занону духтарон дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон бисёр нигаронкунанда аст”
Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд
Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд