Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Алиакбар Вилоятӣ: “Шанхай сарнавишти ҷаҳонро таъйин мекунад. Трамп мисли Ҳитлер амал мекунад”
Алиакбар Вилоятӣ, мушовири аршади сиёсати хориҷии роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Созмони ҳамкории Шанхай ба яке аз муҳимтарин марказҳои ҷаҳонӣ табдил хоҳад ёфт ва нақши сарнавиштсозро дар оянда бозӣ мекунад.
Ӯ дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ, баъд аз нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Чин гуфт, ки “ин нишаст яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии ҷаҳони муосир” буда, нишон дод, ки вазни сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғайриғарбӣ бо суръат рӯ ба афзоиш аст.
Алиакбар Вилоятӣ афзуд, нишасти мазкур се паёми асосӣ дошт: “Аввал, ҷаҳон шоҳиди фурӯпошии нақши Созмони Милали Муттаҳид шуд, дувум Чин қудрати нахустини ҷаҳонӣ будани худро ба намоиш гузошт ва севум садои пойи Трамп хомӯш гардид”.
Мушовири роҳбари Эрон Доналд Трамп, Президенти Амрикоро бо Адолф Ҳитлер муқоиса намуда, афзуд, ки ӯ ҳамон роҳеро пеш гирифта, ки соли 1939 ба оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бурд. Ба гуфтаи ӯ, “корҳое, ки Ҳитлер бо кишварҳои Аврупо анҷом дод, акнун Трамп дар саҳнаи ҷаҳонӣ такрор мекунад”.
Ба гуфтаи ӯ, нокомии Вашингтон дар ҳамоҳангӣ бо муттаҳидони аврупоӣ, аз ҷумла дар масъалаи Украина нишон дод, ки сиёсатҳои Трамп бо манфиатҳои Аврупо дар мухолифат қарор дорад. Вилоятӣ бо ишора ба таҳқир шудани роҳбарони аврупоӣ аз ҷониби Трамп гуфт: “Аврупоиҳо чандин бор таҳқир шуданд, аммо ҷуръати муқобила надоштанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”