Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Ироқчӣ барои оғози музокира бо Амрико шарт гузошт
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Теҳрон омода аст, музокироти ғайримустақим бо Амрикоро аз сар гирад, вале барои ин кор шарт дорад. Шарти Эрон кафолати амниятӣ аз ҷониби Амрико аст, ки дар вақти музокира ба Эрон ҳамлаи низомӣ намешавад.
Сайид Аббос Ироқчӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи саудии “Шарқ-ул-авсат”, ки баъди нишасти изтирории Созмони ҳамкории Исломӣ дар Ҷидда анҷом ёфт, гуфт: “Агар Амрико фикр кунад, он чиро ки бо ҳамлаи низомӣ ба даст наовард, метавонад дар музокирот соҳиб шавад, иштибоҳ мекунад. Посухи Эрон ба ҳар гуна таҷовуз қавитар аз гузашта хоҳад буд”.
Ӯ гуфт, ки Эрон “ҳич гоҳ мизи музокираро тарк накардааст”, аммо таҷрибаи ҳамлаҳои охир, аз ҷумла ҳамлаҳои Исроил ба ҳадафҳои эронӣ бо ҳимояти Амрико нишон медиҳад, ки ҳар гуна музокира “Шакли пешина нахоҳад дошт”. Саид Аббос Ироқчӣ гуфт, ки гуфтушунид бояд “одилона ва бар асоси манфиатҳои дуҷониба” бошад.
“Ҳама гуна сенария имконпазир аст ва мо барои ҳама шароит омодаем. Ҷанги 12 – рӯза нишон дод, ки варианти низомӣ барои Исроил ва Амрико натиҷа надорад. Агар боз кӯшиш кунанд, посухи мо шадидтар хоҳад буд”- зикр кард Вазири корҳои хориҷии Эрон.
Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт, ки робитаҳои дуҷонибаи Эрон ва Арабистони Саудӣ ба сатҳи бесобиқа расидааст. Ӯ ҳамкории ду кишварро “калиди субот ва амният дар минтақа” номид. Теҳрон ҳамзамон талош дорад бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Миср ва Урдун робитаҳои мустаҳкамтар барқарор кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”