Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Хоманаӣ: “Душманони Эрон фаҳмиданд, ки ин кишварро бо ҷанг ба зону дароварда наметавонанд”
Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи душанбе дар мулоқот бо ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи ҷомеаи Эрон гуфт, ки “сипари пӯлодини иттиҳоди мардум, масъулон ва неруҳои масаллаҳ набояд осеб бинад”. Ӯ гуфт, душманони Эрон баъди шикастҳои низомӣ фаҳмиданд, ки ин кишварро бо ҷанг ба зону дароварда наметавонанд ва ҳоло мекӯшанд, ки бо эҷоди ихтилоф ба ҳадафҳои худ бирасанд.
Раҳбари Эрон ба масъалаҳои сиёсиву низомии рӯз пардохта гуфт, асоси мухолифатҳои дарозмуддати Иёлоти Муттаҳида Бо Эрон “гӯш ба фармон кардани ин кишвар” аст. Хоманаӣ афзуд, ки талаботи Вашингтон “тавҳин ба миллати Эрон” аст ва мардум ва низомиён дар муқобили ин фишорҳо устувор мебошанд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард, баъзе гурӯҳ ва афрод дар дохил ва хориҷ талош доранд, то бо суханронӣ ва навиштан ихтилоф эҷод кунанд. Роҳбари Эрон аз онҳо хост, ки “бо ҳама вуҷуд аз иттиҳоди миллӣ муҳофизат кунанд”. Ӯ ҳамчунин, аз “қудратнамоии неруҳои мусаллаҳ” ситоиш карда, гуфт, ки қудрати Эрон рӯз ба рӯз меафзояд.
Ба гуфтаи роҳбари Эрон яке аз муҳимтарин ҳадафҳои душманон “суст кардани робитаи мардум бо низом” аст, вале “мардум бо ҳамаи ихтилофи ақидаҳо дар паҳлуи давлат ва қувваҳои мусаллаҳ қарор доранд”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчуни,н режими Исроилро ба далели ҳамлаҳо ба фаластиниён маҳкум намуда, аз амалҳои он, аз ҷумла “куштори кӯдакон ва бастани роҳҳои ғизо” интиқод кард. Ӯ гуфт “сухан ва маҳкумият кофӣ нест” ва кишварҳои исломӣ бояд чораҳои ҷиддитар андешанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”