30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 00:31, Душанбе
20.08.2025 09:39

Масъуд Пизишкиён: “Эрон аз сулҳи Озарбойҷон ва Арманистон ҳимоя мекунад”

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар мулоқот бо Никол Пашинян гуфт, ки Эрон аз музокироти сулҳи Озарбойҷон ва Арманистон ҳимоя мекунад ва ҳама гуна тағйир дар марзҳои байналмилалӣ дар минтақаи Қафқозро рад мекунад. Ӯ таъкид кард, ки ин минтақа набояд ба саҳнаи рақобатҳои геополитикӣ табдил шавад.

Масъуд Пизишкиён рӯзи сешанбе, 19-уми август ба Ҷумҳурии Арманистон сафар намуда, бо мақомоти олии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ намуд. Дар ҷараёни боздид Президенти Эрон бо Сарвазири Арманистон як қатор санадҳои роҳбурдӣ ба имзо расонд.

Президенти Эрон бо зикри ин ки ҳузури ҷомеаи арманӣ дар минтақаҳои мухталифи Эрон, бахусус дар минтақаҳои ҳамсарҳад ва вуҷуди намунаҳои муштараки фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар ду сӯи марз афзуд: “Марзҳои муштарак дар тӯли солҳои гузашта марзҳои дӯстӣ ва ҳалқаи васли мардуми ду кишвар будаанд ва боқӣ хоҳанд монд. Аз кӯҳҳои Арарат то фалоти Эрон, насими таърих, бӯи шеър, мусиқӣ ва меҳмоннавозиро ба ҳарду тарафи марз бурдааст.

Президент бо ишора ба яке аз ашъори Ҳофиз дар васфи Арас, ки зиндагиву шукуфоии атрофи онро тасвир мекунад, афзуд “мехоҳам таъкид кунам, оромиш ва осоиши ҳамсоягон, аз ҷумла Арманистон бо манфиатҳои миллии Эрон ҳамсӯ мебошад. Мо бар онем, ки ҳамгироӣ ва таваҷҷуҳ ба омилҳои дӯстӣ муҳимтарин унсур барои пойдории амният ва ҳаракат дар роҳи рушду тараққӣ мебошад”.

“Мо ҳамеша бо сароҳат аз тамомияти арзии Арманистон ҳимоят кардаем ва ин сиёсати устувор ва тағйирнопазири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Мо бо ҳар гуна зӯр ё таҳдид  ва истифодаи он дар минтақа мухолиф мебошем. Бар онем, ки сиёсат ва мудирият дар Қафқоз бояд қафқозӣ боқӣ монад: вогузории ҳалли масъалаҳои Қафқоз ба неруҳои фароминтақавӣ фақат боиси мураккабтар шудани вазъ дар минтақа мешавад” - таъкид намуд Масъуд Пизишкиён.

Масъуд Пизишкиён афзуд, барои Ҷумҳурии Исломии Эрон сулҳ дар Қафқоз як авлавияти стратегӣ аст.

Президенти Эрон зикр кард, ки дар натиҷаи музокироти мақсаднок ва муассир бо Сарвазири Арманистон санад ва ёддоштҳои зиёде ба имзо расид.

“Иҷрои зудтари ин санадҳо, табодули ҳайат ва баргузории нишастҳои сатҳи молӣ мавриди таъкиди ду ҷониб қарор гирифт. Ҳамчунин, дар бораи мавзуъҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ низ табодули афкор сурат гирифт”- зикр кард Масъуд Пизикшиён.

“Имрӯз шоҳиди ҳаракатҳои ҷиддӣ дар раванди ҳамкориҳоем. Даст ёфтан ба рақами 3 миллиард доллар ҳаҷми муомилоти иқтисодии ду кишвар ба осонӣ имконпазир аст ва дар ин замина музокироти хубе сурат гирифт. Ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла нақлиёт, энергетика, барқ ва газ, хизматрасониҳои фанниву муҳандисӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, беҳдошт, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ҳамкориҳои хуб доранд”- таъкид кард Масъуд Пизишкиён.

Масъуд Пизишкиён афзуд, ки Эрон ва Арманистон ҳамчунин, дар фаъол кардани каридори “Халиҷи Форс-Баҳри Сиёҳ” манфиатҳои муштарак доранд. Рушди роҳҳои транзитии роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва баҳрӣ, таъсиси каридорҳои иртиботӣ бо истифода аз иқтидори ду кишвар, рушду таҷҳизи бозорчаҳои марзӣ, осон кардани тиҷорат, таъсиси минтақаҳои озоди муштараки иқтисодӣ ва осон намудани ҳаракати мошинҳои боркаш аз ниёзҳои ҷиддии робитаҳои ду кишвар буда, дар ин замина гуфтугӯҳои созанда анҷом гирифт.

“Ҳамчунин, афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба барои таъмини амнияти марзҳо ва осоиши шаҳрвандон, иртиботи мардумони ду кишвар ва рушду густариши сайёҳӣ мавриди таъкид қарор гирифт”- зикр кард Масъуд Пизишкиён.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.