Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Аббос Ироқчӣ: “Таҳримҳо бояд ҷиноят бар зидди башарият эътироф шаванд”
Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, таҳримҳои якҷонибаи Амрико ва кишварҳои аврупоӣ бар зидди кишварҳо бояд ба ҳайси ҷиноят бар зидди башарият эътироф шаванд.
Ба гуфти Сайид Аббос Ироқчӣ, таҳримҳо, ки солҳои тӯлонӣ ба кишварҳо таҳмил мешавад, таъсири харобиовар дорад. Ӯ бо ишора ба санадҳои таҳқиқоти нави маҷаллаи илмии “The Lancet” гуфт, ки чунин таҳримҳо метавонанд ба андозаи ҷанг марговар бошанд: “Аз солҳои 1970 то имрӯз, ҳар сол беш аз 500 ҳазор нафар, асосан кӯдакон ва пиронсолон қурбони ин сиёсат шудаанд”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, иддаои кишварҳои ғарбӣ дар хусуси он ки таҳримҳо “ивазкунандаи бидуни хунрезӣ барои ҷанг” мебошанд, бо воқеият созгор нест. Ба гуфтаи ӯ, оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии ин маҳдудиятҳо ба ҳаёти миллионҳо нафар осеби ҷуброннопазир мерасонанд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин, хостори иттиҳоди кишварҳои таҳримшуда шуд, то бо иқдоми ҳамоҳанг ба “зулми созмонёфтаи иқтисодӣ” посухи қатъӣ диҳанд.
Ин изҳороти Аббос Ироқчӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон хостори бозгашти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид бар зидди Эрон то поёни моҳи август шудаанд. Онҳо аз Эрон талаб кардаанд, ки ҳарчӣ зудтар ба мизи музокира баргардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”