“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Пас аз 9 соли бо ҳам будан. Роналду ва Ҷорҷина оиладор мешаванд
Футболбози маъруфи португалӣ ва ҳамлагари бошгоҳи арабии “Ал-Наср” Криштиану Роналду ба Ҷорҷина Родригес, дӯстдухтараш пешниҳоди оиладорӣ кард.
Хабари пешниҳоди оиладории футболбозро Ҷорҷина Родригес дар саҳифаи Инстаграмаш бо нашри як акс расонаӣ намуда, чунин навиштааст: “Ман розӣ ҳастам. Ҳам дар ин зиндагӣ ва ҳам дар умрҳои дигар”.
Нашри ин хабар дар саҳифаи Ҷорҷина Родригес дар ҳолест, ки худи Роналду ин корро накардааст. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки онҳо замони барпо кардани тӯйро нагуфтаанд.
Криштиану Роналду 40-сола аст, вале то ҳол расман издивоҷ накардааст ва ин пешниҳоди издивоҷ барои мухлисонаш ногаҳонӣ ва хуш аст.
Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду ва Ҷорҷина Родригес аз соли 2016 инҷониб бо ҳам муносибати ошиқона доранд ва дар суҳбатҳои хос футболбоз ӯро ҳамсарам мегуфт. Онҳо якҷоя панҷ фарзандро ба воя мерасонанд, ки танҳо дутоашро маҳз Ҷорҷина Родригес ба дунё овардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид