4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:10, Душанбе
12.08.2025 09:02

Панҷ кишвари мусалмон дар феҳристи рӯйхати шарикони иқтисодии Исроил

Омори созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2023 Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Малайзия аз ҷиҳати ҳаҷми табодули тиҷорат бо Исроил дар ҷойҳои аввал қарор доранд.

Туркия бо 6,6 миллиард доллар муомилоти солона, аз ҷумла 5,3 миллиард доллар содирот ба Исроил дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар соли 2024 бо вуҷуди эълони маҳдудиятҳо муомилоти дуҷониба ҳанӯз ҳам беш аз 2,6 миллиард доллар буд, ки қисман ба воситаи кишварҳои сеюм анҷом дода шудааст.

Амороти Муттаҳидаи Араб дар соли 2023 беш аз 1,97 миллиард доллар бо Исроил тиҷорат намудааст. Ин рақам дар солҳои баъдӣ ва дар замони ҷанги Ғазза 11% афзоиш ёфт.

Миср бо 1,9 миллиард доллар дар ҷои сеюм аст. Қисми зиёди он, 1,7 миллиард доллар содироти Исроил ба Миср аст.

Ҷумҳурии Озарбойҷон бо 1,55 миллиард доллар дар ҷои чорум қарор дорад. Беш аз 98% содироти он ба Исроил нафт мебошад, ки бар асоси гузоришҳо дар амалиёти низомии ин кишвар истифода мешавад.

Малайзия бо вуҷуди он ки Исроилро ба расмият намешиносад, дар соли 2023 тақрибан 377 миллион доллар бо он муомила доштааст; ин рақам дар соли 2024 ба 458 миллион доллар расидааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон афзоиши тиҷорат дар миёни идомаи ҳамлаҳо ба Ғазза суолҳои ҷиддӣ дар бораи мавқеи сиёсӣ ва ахлоқии ин кишварҳоро ба миён овардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо