30 Ноябр 2026,
душанбе, 01:14, Душанбе
07.08.2025 07:40

Рӯзномаи “Шпигел”: Толибон ба воситаи инфлюенсерҳои ғарбӣ чеҳраи воқеии худро пинҳон мекунанд

Рӯзномаи олмонии “Шпигел” дар яке аз навтарин матлабҳои худ дар бораи ҳузури инфлюенсерҳои аврупоӣ дар Афғонистон иттилоъ дода, онро ҷузъи стротежии ҳадафноки Толибон барои “тоза кардани чеҳраи худ дар назди афкори умумии ҷаҳонӣ” арзёбӣ кардааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки занони инфлюенсери аврупоӣ дар сафари худ ба Афғонистон ҳақ доранд, ки сайругашт кунанд, бирақсанд ва шод бошанд. Ин дар ҳолест, ки занону духтарони афғонистонӣ аз ҳаққи таҳсил ва омӯзиш маҳрум мебошанд.

Бар асоси ин матлаб, баъди бозгашти Толибон ба қудрат дар ҳоле, ки аксари журналистон ва нозирони ҳуқуқи башар аз ворид шудан ба Афғонистон манъ шудаанд, шуморе аз чеҳраҳои шинохтаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисли Тикток ва Ютуб бо иҷозаи расмии Толибон ба Афғонистон меоянд. Ин инфлюенсерҳо бо нашри видео ва аксҳо, бо рангу ҷилои бештар, тасвири анъанавӣ, аммо “дӯстона”-еро аз Афғонистони зери ҳокимияти Толибон намоиш медиҳанд.

Рӯзномаи “Шпигел” дар матлаби худ мисолҳое аз фаъолияти инфлюенсерҳо зикр мекунад. Аз ҷумла, духтари олмонӣ бо номи Луиза, ки баъд аз сафари худ ба Афғонистон ва нашри навори рақси ӯ бо мардум ва ҳамнишинӣ бо ҷангҷӯёни Толибон ба якборагӣ машҳур гардид.  Муаллифи гузориш таъкид мекунад, ки саҳифаи Тикток-и инфлюенсерҳои ҷавон фақат баъди бозгашт аз Афғонистон боз шуда, садҳо лайк ва даҳҳо бинанда дорад.

Дар баробари ин, видеоҳои дигар низ зикр шудаанд. Масалан, наворе аз як блогери британиягӣ, ки бо  шавқу ҳаяҷон аз истиқболи “ду ҷанговари меҳрубони Толибон” дар фурудгоҳи Кобул нақл мекунад ва баъдан бо либоси анъанавӣ дар бозорҳо мегардад. Ё як блогери амрикоӣ, ки дар яке аз гаронбаҳотарин рестаранҳои Кобул хӯрок мехӯрад. Ин дар ҳоле ки аксари мардуми кишвар бо фақру гуруснагӣ дасту панҷа нарм мекунанд ва фаъолияти  созмонҳои байналмилалии кумакрасон ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфтааст.

Рӯзномаи “Шпигел” дар бахши дигари гузориш менависад, ки ин тасвирҳо як навъ “туризми фоҷеа” мебошанд, ки чеҳраи воқеии режими Толибонро пинҳон мекунанд. Дар гузориш аз Мино Ҷавод – нависандаи олмонӣ-афғонӣ зикр шудааст, ки ин падидаро  ба “руъёҳои мустамликавӣ аз сарзаминҳои аҷибу бокираи Шарқ” монанд кардааст. Ӯ таъкид мекунад, ки инфлюенсерҳо, хоҳ огоҳона ва хоҳ ноогоҳона, тасвире аз Афғонистон пешниҳод менамоянд, ки дар он Толибон на як режими саркӯбгар, балки мизбонони бофарҳангу  анъанавӣ ба назар мерасанд.

Гузориш ҳамчунин, вокунишҳои хашмолуди муҳоҷирони афғонро низ бозтоб медиҳад. Шпигел менависад, ки ин видеоҳо миёни афғонҳое, ки аз кишвар фирор кардаанд ё дар ғурбат зиндагӣ мекунанд, вокунишҳои манфӣ ва интиқодиро ба бор овардааст. Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ инфлюенсерҳоро ба “ҳамдастӣ дар таблиғоти Толибон” муттаҳам кардаанд.

Як корбар дар шарҳ навишт: “Ту бо Толибон рақс мекунӣ, дар ҳоле ки хоҳарони ман ҳатто ҳаққи вуруд ба донишгоҳҳоро надоранд”.

Муаллифи гузориш дар идома ёдовар мешавад, ки Толибон аз замони бозгашт ба қудрат занонро ба таври систематикӣ аз таҳсилоти олӣ, кор дар идораҳо, ВАО ва бисёре аз фазоҳои ҷамъиятӣ маҳрум кардаанд. Ҳамзамон, расонаҳои дохилӣ зери назорати шадид қарор доранд ва бештари рӯзноманигорон ё кишварро тарк кардаанд ё дар хомӯшии комил фаъолият доранд.

Ин рӯзнома ҳамчунин, ба нақл аз худи инфлюенсерҳо менависад, ки онҳо мақсади сиёсӣ надоранд ва фақат мехоҳанд тасвири дигаргунаеро аз Афғонистон нишон диҳанд. Бо вуҷуди ин, муаллифи гузориш таъкид мекунад, ки ин бетарафии зоҳирӣ дар амал ба манфиати Толибон тамом мешавад, зеро онҳо бо ироаи ҳушмандонаи ривоят мекӯшанд, ки афкори умумии ҷаҳонро нисбат ба шароити зери ҳукмронии худ ором ва бехатар нишон диҳанд.

Гузориш бо ишора ба эътироф ва назарҳои баъзе аз инфлюенсерҳо анҷом меёбад. Аз ҷумла, он ки баъзеи онҳо дар рӯзҳои нахустини сафар ҳамроҳи ҷангҷӯёни Толибон ҳаракат кардаанд ва баъзе аз видеоҳояшон фақат бо назорат ва ҳамоҳангии мустақими Толибон сабт шудааст.

Рӯзномаи “Шпигел” менависад, ки дар набудани расонаҳои мустақил ва рӯзноманигорони касбӣ дар Афғонистон инфлюенсерҳо ба абзори нави Толибон табдил ёфтаанд, ки барои бозсозии чеҳраи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ истифода мешаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

28.11.2026 15:44

Раҳбари ҳизби чапгарои Фаронса: Эрон ҳаққи дифоъ аз худро дорад

Жан-Люк Меланшон, раҳбари ҳизби чапгарои “Фаронсаи таслимнопазир”, дар як ҳамоиши интихоботӣ дар шаҳри Лил аз ҳаққи Эрон барои дифоъ аз ҳокимияти миллӣ ҳимоят карда, ҳамзамон хостори қатъи равобити тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо бо ҳукумати Бенямин Нетаняҳу шудааст.
28.11.2026 09:52

Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд

27-уми ноябр дар шаҳри Тошканд раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UN Tourism) Шайха Ал-Нувайс мулоқот намуд.
28.11.2026 08:57

Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд

Мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кормандони Парки миллии Тоҷикистон бабри барфиеро пас аз муоинаи тиббӣ ба макони бехатар баргардониданд.
28.11.2026 08:55

Маскав: “Долони Трамп” бе ба назар гирифтани манфиатҳои Эрон ва Русия ноком хоҳад шуд

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳушдор додааст, ки нодида гирифтани манфиатҳои Эрон ва Русия дар иҷрои тарҳи мавсум ба “Долони Трамп” метавонад ин тарҳи ҳамлу нақлро ба шикасти комил рӯбарӯ кунад.
28.11.2026 08:49

Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд

Созмони байналмилалии Табибони бидуни марз” аз кушта шудани ду корманди худ дар ҳамлаи мустақими ҳавоии Исроил ба яке аз марказҳои тиббии ин созмон дар Навори Ғазза изҳори хашм ва таассуф кардааст.
28.11.2026 06:13

Далер Ҷумъа бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Сангикар» шинос шуд

Имрӯз, 27-уми ноябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи хурди барқи обии «Сангикар» шинос шуд.
27.11.2026 15:00

Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд

Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти солонаи байниминтақавии Парлумонҳои Араб ва Осиёӣ: Ояндаи аҳолӣ ва рушди устувор дар самти тавонмандсозии занону ҷавонон, баробарӣ, тандурустӣ ва некӯаҳволӣ, ки дар шаҳри Коломбои Шри Ланка доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.
27.11.2026 12:38

Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд

Дар ҳошияи конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо директори дафтари минтақавии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шаҳри Боку Абдулҳаким бин Фаҳад бин Абдулазиз Алсенан баргузор гардид.
27.11.2026 12:14

Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, эълом кардааст, ки дар дидор бо Марк Рютте, дабири кулли Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), дар бораи ҷанги Русияву Украина, даргириҳои Эрон ва афзоиши хароҷоти дифоии кишварҳои узви ин паймон гуфтугӯ кардааст.
27.11.2026 12:10

Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод

Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар шабона ба зерсохторҳои логистикии Украина ҳамла кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин, гуфтааст, ки 317 паҳподи украинӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия сарнагун шудаанд.