Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Дар нимсолаи соли 2025 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 1,8 фоиз расид
Бар асоси натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2025 сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 фоиз камтар аст. Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, омилҳои асосии болоравии сатҳи таваррум афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ (2,9%) ва хизматрасониҳои пулакӣ (3,4%) аст. Фирдавс Толибзода зикр кард, ки таварруми солона дар моҳи июни соли ҷорӣ 3,6% -ро ташкил дод, ки дар доираи ҳадафи муқарраршуда аз ҷониби Бонки миллӣ мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин моҳ дар соли 2024 0,1 банди фоизӣ зиёдт аст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 мақомоти бонкӣ сиёсати молиявию қарзиро бар асоси қонунгузории соҳа, ҳадафҳои зикршуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва санади “Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат” амалӣ кард.
Ба гуфтаи Толибзода татбиқи ин сиёсат имкон дод, ки рушди устувори низоми молиявию иқтисодии кишвар таъмин гардад, суботи макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шавад ва шароити мусоид барои ҳимояти фаъолиятҳои соҳибкорӣ фароҳам оварда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид