4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:47, Душанбе
01.08.2025 11:07

Австралия истифодаи ЮТУБ барои ноболиғонро манъ кард

Кишвари Австралия дар як иқдоми бесобиқа истифодаи шабакаи ЮТУБ ба ноболиғонро расман манъ кард. Бо чунин тасмим Австралия аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки расман истифодаи ин шабака барои ноболиғонро манъ мекунад.

Тибқи қарор истифодаи Ютуб барои афроди то 16-сола ғайриқонунӣ эълон шудааст, аммо ба волидайн ва омӯзгорон иҷоза дода мешавад, ки видеоҳоро ба кӯдакон нишон диҳанд. Қарор дар пайи гузориши назоратчии интернети Австралия сурат гирифт, ки бар асоси пурсишҳо 37 фоизи наврасон гуфтаанд, дар Ютуб ба мундариҷаи зараровар дучор шудаанд.

Энтони Албаниз, сарвазири Австралия дар як изҳорот гуфт: “Ман ба ин масъала хотима медиҳам. Кӯдакони Австралия аз шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мегиранд ва мо масъулияти иҷтимоии ин платформаҳоро ёдрас мекунем”. Ӯ таъкид кард, ки ҳукумат дар канори волидайни австралиягӣ қарор дорад ва ин қарор дар моҳи декабр мавриди амал қарор мегирад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Ютуб гуфт: “Мавқеи мо рӯшан аст. Ютуб платформаи мубодилаи видео мебошад, на шабакаи иҷтимоӣ. Мандариҷааш дорои арзиши баланд буда, бештар дар экранҳои телевизион истифода мешавад”.

Бар асоси иттилои ширкат наздик ба 75 фоизи наврасони аз 13 то 15-сола дар Австралия Ютубро тамошо мекунанд. Ин иқдом дар бораи ҳифзи ноболиғон дар муҳити рақамӣ баҳсҳои васеъро ба миён овардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо