Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Эрон дар СММ хостори оташбаси фаврӣ, сулҳи устувор ва узвияти комили Фаластин шуд
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар ҷараёни як конфронси байналмилал дар мавзуи Фаластин дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк хостори амали фаврии ҷомеаи байналмилалӣ барои қатъи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ва ба расмият шинохтани Фаластин ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид.
Амирсаид Ировонӣ, сафир ва намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки “Ғазза ба хароба табдил ёфта ва ҳазорон мардуми он ба таври ваҳшиёна қатл шудаанд”. Ӯ ин амалҳоро ба ҳайси “генотсид” ва “таҷовузи ошкор” арзёбӣ кард ва гуфт, режими ишғолгар талош дорад, ки сарзаминҳои бештари Фаластинро ба худ зам кунад.
Амирсаид Ировонӣ дар ҷараёни суханронии худ дар ин нишасти сатҳи баланд, ки ба баррасии роҳҳои ҳалли мусолиматомези низои Фаластин бахшида шуда буд, таъкид намуд: “Сулҳи одилона ва пойдор фақат замоне ба вуқуъ мепайвандад, ки ҳаққи бунёдии миллате, ки аз ишғол ва истеъмор ранҷ мебарад, ба расмият шинохта шавад.
Ӯ аз Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки ба Фаластин узвияти комил диҳад ва таъкид намуд, ки Шурои амният бояд бар асоси моддаи 4-уми Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид тавсиаи мусбати худро пешниҳод намояд.
Сафири Эрон ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши “ҷобаҷогузории иҷборӣ”-и фаластиниёнро дар дохил ва берун аз қаламрави Фаластин маҳкум кард ва онро “хилофи ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ” номид.
Ба гуфтаи ӯ, Эрон қатъан ба “ҳимоят аз муборизаи қонунии миллатҳои мазлум бар зидди ишғол ва апартеид” пойбанд аст ва фақат роҳи ҳалли пойдорро “дар барпоии як давлати мустақил дар қалби Фаластин” мебинад, ки бояд аз роҳи як раъйпурсии умумӣ дар миёни ҳамаи мардуми Фаластин, аз ҷумла мусулмонон, яҳудиён ва масеҳиён муайян гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад