Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст
Эрон таҳримҳои нави Амрикоро “ҷиноят бар зидди башарият” хонд
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳримҳои нави Иёлоти Муттаҳида бар зидди шахсон ва ниҳодҳои вобаста ба бахши нафту энергетикии кишварро шадидан маҳкум кард. Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар изҳороте ин таҳримҳоро “ғайриқонунӣ, золимона ва намунаи рӯшани ҷиноят бар зидди башарият” номид.
Ба гуфтаи Исмоил Бақоӣ истифодаи Вашингтон аз абзорҳои иқтисодӣ барои пешбурди ҳадафҳои сиёсӣ на фақат сиёсатҳои якҷонибаи ғайримашруъ мебошад, балки “нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва истиқлолияти давлатҳо” ба ҳисоб меравад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, ки таҳримҳои нав бар зидди бахши нафти Эрон талош барои зарба задан ба рушди иқтисодии кишвар аст ва Амрико бояд барои ин “нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсон” посухгӯ бошад.
Ин вокуниш пас аз он садо дод, ки Вазорати хазинадории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як силсила таҳримҳои навро бар зидди ширкатҳо, шахсони воқеӣ ва киштиҳои вобаста ба содироти нафти Эрон эълон кард.
Эрон борҳо сиёсати таҳримгароёнаи Амрикоро танқид намуда, онро монеаи аслии ҳамкориҳои иқтисодии кишвар бо ҷаҳон донистааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладони ҳаҷ озмун эълон кард
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж