4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:48, Душанбе
30.07.2025 11:25

Алтернативаи эҳтимолии НАТО бо ҳузури Эрон дар Шанхай шакл мегирад

Як шабакаи русӣ навишт, ки Эрон дар нишасти ахири Созмони ҳамкории Шанхай бо нишон додани мавқеи ҷиддӣ заминаи ташкили як эътилофи амниятии авруосиёиро гузошт ва нақшаи нави он ташкили як неру дар муқобили НАТО хоҳад буд.

Тибқи иттилоъ, дар нишасти Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар моҳи июн таъкид шудааст,  ин дигар як суоли назариявӣ нест. Агар эътилофи амниятии навбатии ҷаҳон дар Брюссел ва Вашингтон набошад ва ба ҷои он дар Пекин ва бо ҳузури Эрон ташаккул ёбад, чӣ мешавад? Эрон дар нишасти ахир возеҳ нишон дод, ки ин созмонро на фақат як маҷмааи минтақавӣ, балки як қудрат дар муқобили НАТО мебинад. Теҳрон бо ин иқдом як гардиши амиқи стартегиро аз системаи куҳнашудаи зери нуфузи Ғарб ба сӯи тартиботи нави эҷодшавандаи Авруосиё нишон дод.

Дар нишасти мазкур ҷонибҳо ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои чандҷонибаи авруосиёӣ дар шароити нооромиҳои ҷаҳонӣ таъкид намуданд. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо Си Ҷинпин мулоқот кард. Ҳамчунин, бо ҳамтоёни худ аз Чин, Покистон, Ҳиндустон ва бахусус Эрон мулоқот анҷом дод. Музокироти ӯ бо Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Эрон асосан ба роҳҳои дипломатии ҳалли масъалаи атомӣ ва рушди ҳамоҳангии стратегии ду кишвар иртибот дошт.

Бар асоси гузориши «Russia Today» ҷониби Эрон аз ин фурсат ба таври ҳадафманд истифода кард. Аббос Ироқчӣ аз ҳамбастагии Созмони ҳамкории Шанхай дар муқобили таҷовузи Исроил изҳори сипос намуд ва гуфт, ки Эрон ин созмонро на ба ҳайси як рамз, балки як абзори амалӣ барои ҳамгироии минтақавӣ ва нуфузи ҷаҳонӣ медонад.

Барои Русия ин созмон пояи асосии стратегияи Авруосиё мебошад, ки ба воситаи он Маскав бо Чин, Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва ҳоло бо Эрон робитаи мутавозинро барқарор мекунад. Ин равиш амалгароёна, чандсамта ва мутавозин аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо