Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
"Бор-200”: Ҳамкориҳо миёни авиатсияҳои 3 кишвари бонуфуз роҳандозӣ гардид
"Дар шаш моҳи аввали соли 2025 миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” қабул ва интиқолдодашуда 578,9 тоннаро ташкил дод, ки аз ин шумора 515,7 тонна бори содиротӣ ва 63,2 -тоннаро бори воридотӣ ташкил медиҳад" - гуфт Назарзода Ҳабибулло, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш.
Мавсуф қайд кард, ки борҳои нимсолаи якуми соли 2025 нисбат ба борҳои ҳамин давраи соли гузашта 591,6 тонна, ё 50,5% фоиз кам мебошад. Дар баробари ин, дар фурӯдгоҳ 964 теъдоди ҳодисаҳои батаъхирмонии парвозҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 адад парвоз ё 1.4% зиёд мебошад.
Омилҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурӯдгоҳро ба дер омадани ҳавопаймо аз фурӯдгоҳи макони парвоз, номусоидии обу ҳаво, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сарҳад ва ғайраҳо рабт доданд.
Назарзода Ҳабибулло гуфт, ҳамкориҳо миёни авиатсияи граждании кишварҳои Ҷумҳурии Мардуми Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Федератсияи Русия ба роҳ монда шуда, дар нақша аст, ки боз ширкатҳои ҳавопаймоии боркашонии дигар кишварҳоро низ ҷалб намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад