Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Ироқчӣ: “Агар таҷовуз такрор шавад, посухи қотеътар нишон хоҳем дод”
Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” ба таҳқир ва таҳдидҳои ахири Президенти Амрико Доналд Трамп вокуниш нишон дод. Ӯ таъкид намуд, ки агар таҷовузи низомии Амрико ва Исроил такрор гардад, Эрон посухи қотеътаре хоҳад дод, ки дигар намешавад онро сарпӯш гузошт.
Сайид Аббос Ироқчӣ навишт, ки Эрон як кишвари решадор ва дорои фарҳанги ҳафтҳазорсола аст ва ҳаргиз ба таҳдид бо тарс ҷавоб намедиҳад: “Эрониён ҳич гоҳ дар баробари аҷнабӣ сар фуруд наовардаанд ва фақат ба эҳтиром посух медиҳанд”.
Ба гуфтаи ӯ, Эрон ба хубӣ медонад дар ҳамлаҳои ахири амрикоӣ-исроилӣ чӣ бар сари худ ва чӣ бар сари душман омадааст, аз ҷумла талафоте, ки ҳанӯз расонаӣ нашудаанд: “Агар чунин таҷовуз боз такрор шавад, мо посухе хоҳем дод, ки дигар ҷое барои пинҳон карданашон намемонад”.
Ироқчӣ ба зарурати истифодаи Эрон аз неругоҳҳои атомии сулҳомез ишора намуда, гуфт, ки беш аз як миллион шаҳрванд ба радиоизотопҳои тиббӣ ниёз доранд, ки дар реактори таҳқиқотии Теҳрон тавлид мешаванд. Ӯ гуфт, ки Эрон ҳақ дорад сӯхти реакторҳои атомии навашро худаш таъмин кунад.
Ба таъкиди Сайид Аббос Ироқчӣ бомбаборони ғайриқонунии муассисаҳои атомии Эрон як бори дигар собит кард, ки роҳи ҳалли низомӣ вуҷуд надорад. Агар нигарониҳо дар бораи эҳтимоли инҳироф аз Барномаи сулҳомези атомӣ вуҷуд дошта бошанд, ҳамлаи низомӣ посух нест.
Ӯ бо таъкид афзуд: “Барномаи атомии сулҳомези Эрон на харидорӣ шудааст, на туҳфа, онро мо бо арақи ҷабин, бо ашку хун сохтаем. Илм ва донишро аз мо гирифта намешавад. Бале, муассисаҳои мо осеб диданд, вале иродаи мо на!”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”