“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Амрико иддао дорад, ки Эрон мехоҳад бомбаи электромагнитӣ созад
Як рӯзномаи амрикоӣ навишт, ки мақомоти Эрон мехоҳанд бомбаи электромагнитӣ сохта, бар зидди Амрико истифода кунанд.
Тибқи навиштаи рӯзномаи “Вашингтон экзаминер” (Washington Examiner) санад ва далелҳо нишон медиҳад, ки Эрон дар пайи ба даст овардани бомбаи электромагнитӣ ва истифодаи он бар зидди манфиатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Ба навиштаи рӯзнома, Эрон метавонад бо таркондани як силоҳи хурди атомӣ дар фазои шабакаи барқии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико инфрасохтори неруи барқ дар ин кишварро пурра нобуд кунад.
Ин иддао дар ҳоле матраҳ мешавад, ки баъзе аз мақомдорони ҳукумати Байден изҳор доштаанд, ки Эрон ҳанӯз мушаки анъанавии дорои кӯлоҳак (сечарх)-и атомӣ, ки қобилияти зарба задан ба Иёлоти Муттаҳидаро дошта бошад, дар даст надорад.
Бар асоси ин иддао, иқдомҳои Эрон, аз ҷумла тақвияти шабакаҳо ва дигар зерсохтору имконоти низомӣ, ба истилоҳ бо “стратегияи импулси электромагнитӣ дар баландии зиёд” мувофиқат мекунад.
Ёдовар мешавем, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша бар сулҳомез будани барномаи атомӣ ва низомии маъмулии худ таъкид мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид