Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Аббос Ироқчӣ: “Дар ҷанги 12-рӯзаи Исроил хонаи ҳамсояи ман бомбагузорӣ шудааст”
Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бомбгузорӣ дар хонаи ҳамсояаш дар ҷараёни Ҷанги 12-рӯза бо Исроил хабар дод, аммо таъкид кард, ки ҳич тамоси мустақим аз ҷониби Исроил бо ӯ барқарор нашуда буд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбати видеоӣ бо расонаи “Он” гуфт, дар ҷараёни рафтуомади музокирот ба Туркия дар вақти ҷанг чанд бор дронҳо дар роҳи ҳаракати ӯ пайдо шудаанд. Ӯ қаблан, дар як барномаи телевизионӣ ба ин суол, ки чӣ гуна бо баста будани фазои ҳавоии Эрон ба Женева рафтааст, посух дода буд, ки аз роҳи заминӣ ба Туркия рафта ва аз он ҷо ба парвоз ба Женева рафтааст.
“Ман дар он давра 17 сафари минтақавӣ анҷом додам ва ба ҳамаи кишварҳо расондам, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Эрон ва Исроил доманаи он фаротар хоҳад рафт”- гуфт Аббос Ироқчӣ. Ӯ илова кард, ки эҷоди тарс дар минтақа яке аз роҳҳои дипломатӣ барои пешгирӣ аз ҷанги густурда буд.
Вақте Аббос Ироқчӣ барои гуфтугӯҳои дипломатӣ дар замони ҷанг аз Эрон хориҷ шуд, баъзе аз расонаҳои ғарбӣ хабар доданд, ки бо сабаби баста будани ҳавои Эрон Аббос Ироқчӣ аз Исроил барои хориҷ шудан аз Эрон иҷозат гирифтааст. Баъдан Аббос Ироқчӣ ин хабарро рад карда гуфт, ки аз тариқи роҳи заминӣ аз марзи Туркия гузашта, ба воситаи майдони ҳавоии Туркия ба Женева парвоз карда буд.
Аббос Ироқчӣ дар ин суҳбат дар посух ба интиқодҳо оид ба оғоз нашудани амалиёти “Ваъдаи содиқ 3” бар зидди Исроил гуфт, ки “дар он ҷаласа яке аз дӯстон гуфт, чаро “Ваъдаи содиқ 3” иҷро намешавад ва Президент мухолиф аст. Сардор Муҳаммад Боқирӣ бо қатъият гуфт, ки ӯ масъули дифоъ аз кишвар аст ва агар итминон ҳосил кунад, ки метавонад аз кишвар дифоъ намояд, даст ба амал хоҳад зад”.
Дар ин суҳбати видеоии муфассал Аббос Ироқчӣ ҷузъиёти музокирот, гуфтугӯҳо ва сиёсати хориҷии Эронро бепарда баён мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”