4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:48, Душанбе
26.07.2025 16:02

Киев ва Маскав мегӯянд, Путин ва Зеленский бо ҳам мулоқот мекунанд

Владимир Зеленский, Президенти Украина гуфт, ки Киев ва Маскав дар бораи эҳтимоли мулоқоти ӯ бо Владимир Путин дар ҷараёни нишасти дарпешистифода дар шаҳри Истанбул гуфтугӯ намуданд.

Владимир Зеленский афзуд, ки аз қабл барои дидор бо Путин талош мекард, ҳоло аз Доналд Трамп низ даъват кардааст, ки дар сурати доир кардани ин мулоқот ҳузур дошта бошад.

“Мо ба анҷоми ҷанг ниёз дорем, ки шояд бо мулоқоти роҳбарон оғоз гардад. Онҳо дар гуфтугӯ бо мо ба баррасии ин масъала оғоз намуданд ва ин як пешравӣ ба самти ташаккули формати дидор аст”- афзуд Владимир Зеленский.

Тибқи гузориши “Франс-пресс” рӯзи чоршанбе, 23-уми  июл дар як давраи нави гуфтушунидҳо, ҷониби Киев пешниҳод намуд, ки гуфтугӯҳо охири моҳи август доир мешавад.

Қаблан Владимир Путин таъкид намуда буд, ки фақат дар марҳилаи ниҳоии музокирот барои анҷоми ҷанги сесола омодааст бо Владимир Зеленский дидор кунад.

Ин мулоқот дар ҳоле садо медиҳед, ки Доналд Трамп ба Русия 50 рӯз фурсат дода буд, то бо Украина ба созиш бирасад. Ҳоло пешниҳодҳои Киев тақрибан бо поёни муҳлати додашуда аз ҷониби Трамп мутобиқат мекунад.

Бо вуҷуди ин Кремл эҳтимоли доир кардани чунин нишастро дар ояндаи наздик ночиз ва камаҳамият арзёбӣ кардааст. То ба ҳол, музокироти миёни Киев ва Маскав барои поён додан ба даргириҳо ба натиҷаи муассир нарасидааст, зеро мавқеи ҳарду ҷониб тамоман мухталиф аст.

Яке аз шартҳои асосии Маскав ба расмият шинохтани чор минтақаест, ки ба гуфтаи он, ба қаламрави Русия ҳамроҳ шудаанд. Ин талаботест, ки Киев онро “ғайриқобили қабул” меномад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо