4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:48, Душанбе
25.07.2025 16:28

Президенти Муғулистон аз неругоҳи Роғун боздид кард

Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух имрӯз дар доираи сафари давлатии худ ба Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бузургтарин лоиҳаи инфрасохтории энергетикии кишвар – Неругоҳи барқи обии Роғун дидан кард.

Тибқи иттилоъ, Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсухро муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд. Дар ҷараёни боздид, Президенти Муғулистон бо кор дар бахшҳои муҳимми неругоҳ, аз ҷумла обқабулкунаки доимӣ, нақбҳои СТ-4, маркази тақсимоти барқ ва толори мошинҳо шинос гардиданд.

Ухнаагийн Хурэсух баъди боздид Неругоҳи барқи обии Роғунро “иншооти стратегӣ ва муҳимми минтақавӣ унвон намуда, аз рушди қобили таваҷҷуҳи он изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар доираи ин сафар миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, бахусус дар истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи обӣ густариш хоҳад дод.

Ҷонибҳо ба ивази табодули таҷриба, таҳияи лоиҳаҳо ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи сохтмони неругоҳи барқи обӣ таъкид намуданд.

Неругоҳи Роғун, ки онро ҳамчун “иншооти аср” мешиносанд, муҳимтарин лоиҳаи стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва пас аз ба истифодаи пурра додан имкони таъмини неруи барқи бардавомро на фақат барои кишвар, балки барои содирот ба минтақаҳои ҳамсоя низ фароҳам месозад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо