29 Сентябр 2026,
сешанбе, 05:17, Душанбе
05.07.2025 07:21

Вохӯрии Мавсума Муинӣ бо иштирокчиёни Форуми байналмилалии фарҳангӣ - маърифатӣ

Имсол дар 10-умин Форуми байналмилалии фарҳангӣ — маърифатии давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус доир мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 10 нафар намояндагӣ мекунанд.

Дар ин росто, Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даҳ нафар наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ, ки Тоҷикистонро дар форуми мазкур намояндагӣ мекунанд, вохӯрӣ намуд.

Тибқи иттилои сомонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, форуми имсолаи “Кӯдакони Иттиҳод: муколама ва пайванди ногусастании замон ва наслҳо” зери шиори “Гузаштаро ҳифз ва ояндаро месозем” аз 7-ум то 16-уми июли соли равон баргузор гашта, иштирокчиён анъана ва урфу одатҳои миллии кишварҳои ИДМ-ро муаррифӣ хоҳанд кард.

Форуми байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола беш аз 1000 нафарро аз кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҳам меорад.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ташкили форуми мазкур тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигар, табодули маълумоту таҷриба ва рушди зеҳнии онҳо маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, зимни мулоқот Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хос дошта, онҳоро ояндаи миллату давлат меноманд. Ва боварӣ карда мешавад, ки наврасону ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
28.09.2026 07:30

Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 90 иншоотро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
28.09.2026 06:29

Дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои модар ифтитоҳ шуд

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.