“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Талафоти Исроил дар ҷанги 12-рӯза фош шуд: 805 кушта ва беш аз 30 миллиард доллар хисорот
Дар гузориши ахире, ки расонаҳои Исроил ва сарчашмаҳои дигари иттилоотӣ нашр кардаанд, шумораи воқеии талафоти ҷонии Исроил дар ҷанги 12-рӯза бо Эрон ва неруҳои муттаҳиди он ошкор гардид. Дар ин бора рӯзномаи “Иттилоот” –и Эрон бо такя ба расонаҳои хориҷӣ гузориш дод.
Бар асоси иттилои нашршуда дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба хоки Исроил 805 низомии исроилӣ ба ҳалокат расидаанд:
6 генералӣ аршади артиш;
32 афсари хадамоти махфии “Моссад”;
78 афсари амниятии Шин Бет;
27 афсари неруҳои баҳрӣ;
198 афсари неруҳои ҳавоӣ;
462 сарбоз;
11 донишманди соҳаи атомӣ.
Ин иттилот баъди он ошкор шуд, ки як гурӯҳи хакерӣ тавонист ба сомонаи расмии исроилӣ ворид шуда, феҳристи талафотро мунташир намояд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Исроил то ба ҳол расман ин оморро тасдиқ ё рад накардаанд, аммо расонаҳои ҷаҳонӣ бо такя ба сарчашмаҳои мустақил эълон карданд, ки ин рақамҳо наздик ба воқият мебошанд.
Дар ҳамин ҳол “Bloomberg” ҳаҷми зарари молии режими ишғолгарро дар ин ҷанг беш аз 30 миллиард доллар арзёбӣ кардааст, ки бахши калидии инфрасохтор, аз ҷумла пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохторҳои амниятиро фаро мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид