4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:48, Душанбе
25.06.2025 15:11

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд Барномаи атомии Эрон нобуд нашудааст

Телевизиони “CNN” хабар дод, арзёбиҳои аввалияи иттилоотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нишон медиҳад, ки ҳамлаҳои Амрико натавонист муассисаҳои атомии Эронро нобуд кунад.

Тибқи гузориши ин телевизион се манбаи огоҳ аз арзёбиҳои иттилоотӣ гуфтаанд, ки ҳамлаҳои Амрико ба се муассисаи атомии Эрон бахшҳои ҳаётан муҳимми Барномаи атомии Эронро нобуд накардааст ва боиси чанд ҳафта таъхир дар фаъолияти ин барнома шудааст.

Ин арзёбии иттилоотӣ аз ҷониби Агентии иттилооти дифоии Амрико, ки як шохаи Пентагон аст, таҳия гардидааст. Яке аз сарчашмаҳои огоҳ гуфт, ки ин ин таҳлил бар асоси баррасии хисороти ҷанг аз сӯи маркази фармондеҳии Амрико дар Ховари Миёна баъди анҷом ёфтани ҳамлаҳо таҳия шудааст.

Арзёбии хисороти воридшуда ба муассисаҳо ва таъсири ҳамлаҳо ба Барномаи атомии Эрон ҳанӯз идома дорад ва эҳтимолан бо дастрас шудани иттилооти бештар тағйир ёбад. Бо ин вуҷуд, натиҷаҳои аввалия бо иддаоҳои пай дар пайи Доналд Трамп, президенти Амрико, ки мегуфт муассисаҳои ғанисозии Эрон пурра нобуд шудаанд, дар тазод мебошад.

Ду сарчашмаи дигар ба ин телевизион гуфтаанд, ки захираи урани ғанишудаи Эрон аз миён нарафтааст ва сентифугаҳо солим боқӣ мондаанд. Бар асоси ин таҳилҳо ба хулоса омадаанд, ки Барномаи атомии Эрон комилан нобуд нашудааст ва фақат фаъолияти онро барои чанд моҳ ба ақиб бурдааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо