4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:48, Душанбе
24.06.2025 09:03

Телевизиони Исроил аз фирори 11 ҳазор исроилӣ аз хонаҳояшон хабар дод

Шабакаи “Телевизиони 7”-и Исроил хабар дод, ки баъди ҳамлаҳои мушакии Эрон тақрибан 11 ҳазор исроилӣ хонаҳои худро тарк карда, гурехтаанд.

Ин шабакаи телевизионӣ ҳамчунин, гузориш дод, ки теъдоди дархостҳо барои ҷуброни зарар, ки аз ҷониби исроилиҳо бо сабаби ҳамлаҳои мушакии Эрон пешниҳод шудааст, ба 36 ҳазору 465 дархост расидааст. 29 ҳазору 226 парвандаи дархости ҷуброн ба хисороти биноҳо вобаста аст.

Дар гузориш таъкид шуд, ки 3392 дархост ба хисороти воситаҳои нақлиёт ва 3758 дархост ба хисороти таҷҳизот ва ашё рабт дорад.

Тибқи иттилоъ, 11 ҳазор нафар аз хонаҳои худ гурехта, ба меҳмонхонаҳо рафтаанд. Тақрибан 4 ҳазор низ дар хонаҳои хешовандон ё дӯстони худ паноҳ бурдаанд. Қаблан бархе расонаҳои исроилӣ гузориш дода буданд, ки шумори зиёди исроилиҳо ба воситаи қаиқҳо ба Қибриси Юнон фирор кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо