“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Дар мавҷи 10-уми ҳамлаи мушакии Эрон неругоҳи атомии Димонои Исроил ҳадаф қарор гирифт
Неруҳои Сипоҳи посдорони Эрон эълон кард, ки мавҷи даҳуми ҳамлаи мушакии “Ваъдаи содиқ 3” –ро бар зидди Исроил оғоз кардааст.
Хабаргузори “Меҳр”–и Эрон ба тасдиқи ин хабар навишт, ки мавҷи даҳуми ҳамлаҳои мушакии Эрон дар посух ба ҳамлаҳои ахири вайронгари Исроил ба минтақаҳои аҳолинишин сурат мегирад.
Расонаҳои исроилӣ аз шунида шудани занги хатар дар аксари шаҳрҳои ин кишвар хабар доданд.
Дар пайи ин ҳамла гузоришҳо аз баланд шудани дуд аз неругоҳи атомии Димонои Исроил дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Ҳамчунин, дар ин ҳамла пойгоҳи парвози ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ мавриди ҳадафи мушакии Сипоҳи посдорони Эрон қарор гирифт.
Қабал аз оғози мавҷи даҳуми ҳамлаи мушакӣ раиси ситоди Вазорати дифои Эрон хабар дод, ҳар он амале, ки то ба имрӯз анҷом дода шуд, моҳияти боздорандагӣ дошт. Ӯ афзуд, ки то ҳанӯз амалиёти “танбеҳӣ” оғоз нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид