Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Роҳбарони қудратии ИДМ дар Остона масъалаҳои терроризм, ҷиноятҳои муташаккил ва экстремизро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Остона маҷлиси сеюми роҳбарони воҳидҳои криминалии вазорати корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Маҷлиси мазкур аз 12-ум то 14-уми июн идома ёфта, дар он масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар маҷлиси мазкур Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ширкат намуд.
Дар ин маҷлис ҳамчунин, масъалаҳои табодули иттилооти фаврӣ, ошкорсозӣ ва тафтиши ҷиноятҳо, бахусус ҷиноятҳои фаромиллӣ баррасӣ шуданд. Ширкаткунандагон зарурати таҳкими ҳамкории байнисоҳавиро барои таъмини амнияти минтақавӣ таъкид карданд.
Тибқи иттилоъ, баргузории чунин ҷаласаҳо ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои қудратии кишварҳои ИДМ мусоидат карда, барои пешгирии ҷиноятҳо ва таъмини субот дар ҷомеа замина хоҳад гузошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад