4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:47, Душанбе
16.06.2025 09:59

“Дейли телеграф”-и Бритониё: “Ҳамлаи мушакии Эрон системаи дифои ҳавоии Исроилро фурӯ пошонд”

Рӯзномани англисизабони “Дейли телеграф”  (The Daily Telegraph) хабар дод, ки системаи дифои ҳавоии режими Исроил дар натиҷаи ҳамлаи зиёди мушакҳои нави Эрон фурӯ пошидааст.

Ин рӯзнома навиштааст, ки қабатҳои зичи системаи дифои ҳавоии режими Исроил дар баробари теъдоди зиёди мушакҳои Эрон фурӯ рехтааст.

Дар марҳилаи нави ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Исроил, ки марҳилаи дуюм дар тӯли камтар аз 2 соати гузашта ба ҳисоб меравад, беш аз 30 мушак ба самти қаламравҳои ишғолшуда, бахусус шаҳри Ҳайфо партоб шудааст. Соатҳои қабл низ беш аз 50 мушак ба минтақаҳои мухталифи режими Исроил, аз ҷумла Тел-Авив партоб шуда буд.

Сарчашмаҳои исроилӣ хабар доданд, ки дар ин амалиёт бархе аз ҳадафҳои муҳимми стратегӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Дар раванди омодабоши низомии режими Исроил барои посух ба ҳамлаҳои эҳтимолии мушакии Эрон, на фақат системаи зиёди дифои мушакии худи Исроил, балки низоми дифои мушакии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ низ дар дохил ва хориҷи Исроил барои пайгирӣ ва маҳв кардани мушакҳои Эрон омода шуда буданд. Ҳамзамон бархе аз кишварҳои арабӣ, бахусус Урдун талошҳои ҷиддӣ барои маҳв кардани мушакҳои Эрон ва пешгирӣ аз ворид шудани он ба хоки Исроил анҷом додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо