30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 00:30, Душанбе
16.06.2025 06:53

Ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил аввалин бор дар рӯз анҷом ёфт

Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои аввалин бор дар рӯз ба Исроил ҳамлаҳои мушакӣ анҷом доданд. Сипоҳи посдорони Эрон ҳамлаи мушакӣ ба хоки Исроилро тасдиқ намуда, гуфтааст, ки мушакҳо ба ҳадафҳои мавриди назар бархӯрданд. То ба имрӯз тамоми ҳамлаҳои мушакии Эрон дар қисмати шаб анҷом дода мешуд.

Ба гуфтаи мақомоти низомии эронӣ ин ҳамла дар посух ба таҷовузҳои ҳавоии Исроил ба Теҳрон ва чандин минтақаи дигари Эрон сурат гирифт. Баъди партоби мушакҳои эронӣ дар чандин минтақаҳои шаҳри Тел-Авив бонги хатар ба садо даромад. Мақомоти исроилӣ бо ба садо даромадани бонги хатар аз мардум хостанд ба паноҳгоҳҳо бираванд.

Тибқи гузориши аввалияи расонаҳо дар ин ҳамлаи мушакӣ хонаи Бенямин Нетаняҳу дар минтақаи Қайсария ва неругоҳи барқии Ҳадера мавриди ҳадафи мушакҳо қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин рӯз сарчашмаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки тақрибан 50 мушак аз сӯйи Эрон ба ҷониби шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфо партоб шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.