


Талафоти Исроил дар ҷанги 12-рӯза фош шуд: 805 кушта ва беш аз 30 миллиард доллар хисорот

Ҷон Керрӣ: “Эрониҳо ҳувияти қавӣ доранд. Дониши атомӣ бо бомбаборон аз байн намеравад”

“Пирамарди хаёлӣ”-и Кохи сафед дар муҳосираи “CNN” ва ифшогарон

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд Барномаи атомии Эрон нобуд нашудааст
Рӯзномаи исроилӣ: Исроил тавони идомаи ҷангро надорад, Эрон ба ҷанги фарсоишӣ омода мешавад
Дар рӯзномаии “Ҳааретс”-и нашри Исроил мақолае нашр шуд ва дар он гуфта мешавад, ки эрониён таҷрибаи ҷанги фарсоишӣ ва тӯлонии ҳаштсола бо Ироқро доранд ва барои як ҷанги тӯлонӣ омода мешаванд. Ин рӯзнома менависад, ки дар муқобили Эрон мардуми Исроил аз ҷангҳои яксола хаста шудаанд ва давлат тавони идома додани ҷангро надорад.
Баъди вокуниши сахти Эрон ба ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ, ки бо тирборони даҳҳо мушак ва ҳавопаймои бесарнишин ба маркази Исроил сурат гирифт, коршиносони масоили амниятии Исроил, аз ҷумла Йоси Мелман дар матлабе ҳушдор медиҳанд, мардуми Исроил тавони идомаи ҷангро надоранд.
Йоси Мелман дар таҳлили худ менависад, ки Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил бо вуҷуди огоҳӣ аз хатар ва оқибатҳои ҷиддии ҳамла ба Эрон тасмим гирифт вориди ин ҷанг шавад. Вале баъди вокуниши қавии Эрон ва расондани зарари ҷиддӣ ба зерсохторҳои ҳаётан муҳимми Исроил ҳайяҷони роҳбарони ин режим фурӯ нишастааст. Ӯ мегӯяд, ба эҳтимол Исроил ногузир ба даргириҳои дарозмуддат бо Эрон хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки онҳо тибқи гуфтаи худ дигар тавони ҷанги тӯлониро надоранд.
Ба навиштаи рӯзномаи “Ҳааретс” низомиёни Исроил дар ҳоли омодагӣ барои як рӯёрӯии чандинрӯза бо Эрон мебошанд, вале умед доранд, ки ин ҷанг ба ҷанги фарсоишӣ тӯл накашад. Бо ин ҳол, таҳлилгар интиқоди шадид ба сиёсати шахсӣ ва манфиатҷӯёнаи Бенямин Нетаняҳу мекунад ва мегӯяд, ки ӯ талош дорад ҷангро тӯлонӣ кунад, то ба аҳдофи сиёсии худ бирасад.
Йоси Мелман зикр мекунад, ки мардуми Исроил дар пайи ҷанги Ғазза, буҳронҳои сиёсӣ ва ихтилофоти дохилии амиқ хаста шудаанд ва ҳеч майле ба ҷанги тӯлонӣ надоранд. Ӯ чунин таъкид мекунад: “Исроилиҳо наметавонанд ҷанги фарсоишӣ бо Эронро таҳаммул кунанд, аммо маҷбуранд бо қарорҳои Бенямин Нетаняҳу ва оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва равонии ӯ рӯ ба рӯ шаванд”.
Ин таҳлилгари исроилӣ бо ишора ба таҷрибаи таърихии мардуми Эрон дар ҷанги таҳмилии ҳаштсола бо Ироқ зикр мекунад, ки эрониҳо дар ҳама шароит омодаи фидокорӣ ва таҳаммули фишор мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, Саддам Ҳусейн, президенти собиқи Ироқ бо умеди ишғоли фаврии Эрон дар соли 1979 ҷангро оғоз карда буд, вале натавонист ва гирифтори ҷанги ҳаштсолаи фарсоишӣ шуд.
“Мо бояд талафоти ҷангро ба ҳадди ақал расонем ва ба воситаи як созиш бо миёнравии Доналд Трамп, президенти Амрико ин девонагиро хотима диҳем. Дар ғайри сурат охир сарнавиштамон ба ҳолати илтимоси оташбас хоҳад расид, дар ҳоле ки Эрон онро рад мекунад ва шартҳои поёни ҷангро бо иродаи худ таҳмил хоҳад кард”- менависад Йоси Мелман.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон мехоҳад бо баргузории нахустин форуми нассоҷӣ сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад
Дар як амалиёти Ҳамос 20 низомии исроилӣ дар Ғазза куштаву захмӣ шудааст
Нафақагирон зиёд шуданд. Шумораи онҳо чанд аст?
Трамп ба маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард
