Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Неруҳои СААД ва ИДМ бори аввал дар Тоҷикистон муштаракан тамринҳои низомӣ баргузор мекунанд
Нахустин бор дар таърихи ҳамкориҳо Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) неруҳои худро дар доираи тамринҳои муштарак муттаҳид хоҳанд кард. Ҳадафи тамринҳои муштарак таҳкими амният ва субот дар тамоми фазои Авруосиё хоҳад буд.
Тамринҳои печида ва мураккаби неруҳои ду созмони минтақавӣ дар тирамоҳи соли 2025 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикстон баргузор мешавад ва дар ин тамрин неруву имкониятҳои ҳар ду созмон бар асоси як сенарияи ягона ба кор бурда мешавад. Ин манёврҳо ба марҳили нави рушди ҳамкориҳои миёни сохторҳои масъули мубориза бо терроризм ва таъмини суботи минтақавӣ табдил меёбад.
Ба гуфтаи масъулони тамрин ҳамоҳангии амали иштирокчиён имконият фароҳам мекунад, то механизмҳои посухи муштарак ба таҳдидҳои муосир таҷриба шаванд. Тамринҳое, ки зери номҳои рамзии “Бародарии устувор-2025” ва “Ҳамгироӣ бар зидди терроризм -2025” баргузор мешаванд, разми тақвияти ҳамкориҳо дар доираи ИДМ ва СААД хоҳанд буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад