


Хавфи Исроил аз мушакҳои Эрон. Эрон бузургтарин захираи мушакии ҷаҳонро месозад

Чиниҳо бо лазер ба ҳавопаймои олмонӣ ҳамла карданд

“Вашингтон пост”: Ин кор душвор аст. Мақомоти аврупоӣ ба дунболи эҳёи музокироти атомӣ бо Эронанд

Талафоти Исроил дар ҷанги 12-рӯза фош шуд: 805 кушта ва беш аз 30 миллиард доллар хисорот
Вокуниши ҷаҳонӣ ба ҳамлаи Исроил ба Эрон: Арабистони Саудӣ ва Русия маҳкум карданд
Ҳамлаи ҳавоии субҳи дирӯз, 13-уми июни Исроил ба хоки Эрон бо вокуниши шадиди бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд. Кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз иқдоми якҷонибаи Исроил интиқод намуда, ҳамлаи ин кишвар ба Эронро шадидан маҳкум намуданд.
Субҳи рӯзи ҷумъа, 13-уми июн режими Исроил бо як ҳамлаи ошкоро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон чандин фармондеҳони баландпояи низомӣ ва донишмандони соҳаи атомии ин кишварро террор кард. Бархе марказҳо ва муассисаҳои низомии кишварро мавриди ҳамла қарор дод. Ин амал, ки таҳдиди мустақими амнияти байналмилалӣ арзёбӣ мешавад, дар соатҳои аввал ба вокуниши манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд.
Умон: Мо таҷовузи Исроилро шадидан маҳкум мекунем
Нахустин вокуниши ҷаҳонӣ ба ҷинояти Исроил аз сӯйи давлати Умон садо дод. Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар бо пахши як изҳорот шиддат гирифтани таниши Исроил бо Эронро шадидан маҳкум кард ва афзуд, ки “Ин амалиёт талоши дипломатиро зери хатар қарор дода, субот ва амнияти минтақаро таҳдид мекунад”.
Вазорати корҳои хориҷии Умон бо маҳкумияти қавии ҳамлаи ваҳшиёнаи режими Исроил ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид намуд, ки ин ҳамла як шиддатёбии хатарнок ва беандеша буда, нақзи ошкори Оинномаи Созмони Милали Муттаҳида ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Ин амалиёт нишонгари рафтори таҷовузкоронаи пайваста ва ғайриқобили қабул аз сӯйи Исроил аст, ки пояҳои суботи минтақаро заиф месозад.
Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Умон ҳамлаи Исроил ба Эронро ғайриқонунӣ, беасос ва таҳдиди ҷиддӣ ба суботи минтақа арзёбӣ карда, навишт: “Ман онро маҳкум мекунам ва ҷомеаи байналмилалиро даъват мекунам, ки барои рад кардани таҷовузи Исроил ва пуштибонӣ аз дипломатия ва коҳиши танишҳо бо як овоз муттаҳид шаванд”.
Урдун: Ҳаргиз иҷозаи истифодаи фазои ҳавои худро намедиҳем
Ҳукумати Урдун бо нашри баёнияе бидуни ишора ба ҷинояти режими Исроил эълон кард, ки иҷозаи нақзи фазои ҳавоии кишварро надодааст ва нахоҳад дод. Ҳукумати Урдун гуфт, ки кишвари Урдун ҳаргиз ба як майдони даргирӣ табдил нахоҳад шуд. Муҳаммад ал – Муъминӣ, сухангӯи ҳукумати Урдун гуфт: “Амнияти миллӣ хати сурхи мо аст ва мо иҷоза намедиҳем, ки амният ва саломатии шаҳрвандони мо ба хатар рӯ ба рӯ шавад”
Аз сӯйи дигар Сӯфиён Қадаҳ, сухангӯи расмии Вазорати корҳои хориҷии Урдун низ таҷовузи режими Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эронро шадидан маҳкум карда, онро нақзи ошкори ҳокимияти як кишвари узви СММ ва инҳирофи возеҳ аз меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Оинномаи СММ донист.
Урдун бо изҳори нигаронӣ аз паёмадҳои нақзи рӯзафзуни суботи минтақа ва авҷи танишҳо бар зарурати эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва масъулияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Шурои амният, ба иқдоми фаврӣ ҷиҳати қатъи ин ҳамлаҳо, пешгирӣ аз такрор онҳо ва монеъ шудан аз лағзиш ба сӯйи авҷи танишҳо таҳдид кард.
Арабистони Саудӣ: Ҳамла ба Эрон шадидан маҳкум аст
Арабистони Саудӣ бо нашри баёнияе ҳамлаи шаби гузаштаи режими Исроилро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон шадидан маҳкум кард. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки ин ҳамла нақзи соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Шурои Амнияти СММ масъулияти бузурге барои қатъи фаврии ин таҷовуз доранд.
Индонезия: Мо ҳамлаҳои Исроил ба Эронро ба шиддат маҳкум мекунем
Вазорати корҳои хориҷии Индонезия низ бо шиддат ҳамлаҳои режими Исроилро ба Эрон маҳкум карда, тамоми тарафҳоро ба хештандорӣ даъват намуд. Ҷакарта гуфт, ки ин ҳамлаҳо бӯҳронҳои минтақаро шадидтар карда, метавонад оташеро даргиронад, ки даргирии густурдаеро ба вуҷуд меорад.
Президенти Лубнон: Ҳамлаҳо ба Эрон суботи минтақаро ҳадаф гирифтаанд
Ҷозеф Ун, президенти Лубнон, бо маҳкум кардани ҳамлаҳои Исроил ба Эрон гуфт, ки ин ҳамла ҳамаи талошҳо барои суботи минтақаиро нобуд мекунад ва ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдоми фаврӣ даъват кард.
Ҳамос: Табиат ва аҳамияти ин набард сарнавиштсоз аст
Гурӯҳи Ҳамос бо баёнияе ҳамлаи режими Исроилро ба Эрон маҳкум намуда, онро таҳаввули хатарнок ва далеле барои муборизаи сарнавиштсоз бо душмани асосии миллат донист. Ҳамос ҳамчунин, аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки дар муқобили таҷовузу ишғолгарии Исроил мавқеи якпорча дошта бошанд.
Дабири кулли СММ: Авҷ гирифтани низоъро маҳкум кард
Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ, «авҷгирии низоъҳо» дар Ховари Миёнаро маҳкум кард. Ӯ бе ишора ба номи Исроил танҳо изҳори нигаронӣ намуда, аз тарафҳо хост, ки хештандорӣ намоянд ва аз бадтар шудани вазъ пешгирӣ кунанд.
Туркия: Таҷовузи Исроил ба Эрон маҳкум аст
Ҷевдет Йилмаз, муовини президенти Туркия, гуфт, ки ҳамлаи Исроил ба Эрон таҳрикдиҳанда, ғайриқонунӣ ва таҳдид ба сулҳ аст. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, ки хомӯш набошанд. Ҳизби ҳокими Туркия низ ин ҳамларо «ваҳшиёна» номид ва таъкид кард, ки ҳеч машруъият ё асосе барои ҳамла вуҷуд надорад.
Вазири хориҷии Ҷопон: Истифодаи зӯр нигаронкунанда аст
Такэси Ивая, вазири хориҷии Ҷопон, бо маҳкум кардани ҳамла гуфт, ки истифодаи нерӯи низомӣ «асосан мояи таассуф» мебошад.
Покистон: Эрон ҳаққи дифоъ дорад
Вазорати корҳои хориҷии Покистон изҳор дошт, ки ҳамлаи ғайриқонунии Исроил ба Эрон нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ аст ва Эрон бар асоси моддаи 51-и Оинномаи СММ ҳаққи дифоъ аз худ дорад.
Қатар: Ҳамлаи Исроил нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ аст
Қатар низ бо баёнияе ҳамларо шадидан маҳкум кард ва онро нақзи соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ номид.
Аморати Муттаҳидаи Араб: Шурои Амният бояд фавран вориди амал шавад
Аморот бо изҳори нигаронӣ аз ҳамла таъкид кард, ки беҳтарин роҳи ҳалли буҳронҳо риояи қонунҳои байналмилалӣ ва эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишварҳост.
Британия: Ҳамларо маҳкум накард
Сарвазири Британия бе ишора ба номи Исроил ҳамларо «нигаронкунанда» номид ва аз ҳама тарафҳо хост, ки ба роҳҳои дипломатӣ баргарданд.
Фаронса: Омодаи кумак ба Исроилем
Вазири корҳои хориҷии Фаронса бе маҳкум кардани ҳамлаи Исроил, таъкид кард, ки Порис аз ҳуқуқи дифоии Исроил ҳимоят мекунад ва омодаи кумак ба Тел-Авив аст.
Кувайт: Ҳамларо маҳкум кард
Кувайт ин ҳамларо нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳдид ба амнияти минтақа номид ва аз Шурои Амният хост, ки фавран чора андешад.
Миср: Ин ҳамла нақзи қонунҳои байналмилалист
Миср низ бо баёнияе ин ҳамларо маҳкум карда, гуфт, ки он вазъиятро ба марҳилаи хатарнок мерасонад ва метавонад минтақаро бесубот кунад
Трамп: Мо аз ҳамла огоҳ будем
Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, ки Вашингтон пеш аз ҳамла аз он огоҳӣ дошт ва таъкид кард, ки барои дифоъ аз Исроил омодаанд.
Олмон: Дифои Исроилро ҷонибдорӣ мекунем
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, гуфт, ки Исроил ҳаққи дифоъ дорад ва дархост кард, ки тарафҳо хештандорӣ намоянд.
Русия: Мо ин ҳамларо маҳкум мекунем
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, гуфт, ки Маскав аз афзоиши танишҳо нигарон аст ва таҷовузи Исроилро маҳкум мекунад. Ӯ таъкид кард, ки ба зудӣ баёнияи расмии Вазорати хориҷаи Русия нашр хоҳад шуд.
Ироқ: Ҳамларо шадидан маҳкум мекунем
Ҳукумати Ироқ ин ҳамларо нақзи ошкори оинномаи СММ дониста, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки хомӯш набошад ва бо истифодаи зӯр муқобила кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”
Кори расмӣ дар Кореяи Ҷанубӣ. Аз корҷӯёни тоҷик чӣ талаб карда мешавад?
Чор голи беҷавоби “ПСЖ”. Оё “Реал Мадрид” аз ин бозӣ дарс мегирад?
Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд
