25 Ноябр 2026,
чоршанбе, 00:18, Душанбе
04.06.2025 20:03

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ғанисозии уран калиди масъалаи атомии Эрон аст”

Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар маросими бузургдошти асосгузори инқилоби Исломӣ Оятуллоҳ Руҳуллоҳи Хумайнӣ гуфт, ки бархӯрдорӣ аз чархаи комил ва ифтихоромези сӯхти атомӣ натиҷаи бовари миллат ва донишмандони ҷавон бо шиори “мо метавонем” буда аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таъсири муҳимми саноати атомӣ дар рушди илмҳо ва соҳаҳои саноатӣ, пешниҳоди Амрико дар мавриди Барномаи атомии Эронро мухолифи комили руҳияи “мо метавонем” хонда, афзуд, ки “Саноати бузурги атомӣ бидуни ғанисозии уран амалан бесамар аст.

Роҳбари Эрон Имом Хумайниро меъмори бузурги низоми рушдёбанда, собит ва пуриқтидори Ҷумҳурии Исломӣ дониста, гуфт: “36 сол пас аз вафоти он марди бузург, ҳузури ӯ ва таъсири инқилобаш дар масоиле чун суқути қудратҳои бузург, ташаккули низоми чандқутбӣ, коҳиши шадиди нуфуз ва ҷойгоҳи Амрико, боло рафтани нафрат аз саҳюнизм, ҳатто дар Аврупо ва Амрико ба бедории халқҳо бо инкори арзишҳои ғарбӣ эҳсос мешавад”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид намуд, ки ғофилгирии ҷаҳони Ғарб дар муқобили “басиҷи миллат ба воситаи як олими динӣ, пирӯзии Имом ва миллат бо дасти холӣ бар режими мусаллаҳ ва вобастаи паҳлавӣ ва рондани амрикоиҳо ва саҳюнистҳои ғоратгар аз Эрон” буд ва “ғофилгирии дувум барои ғарбиҳо ташкили Ҷумҳурии Исломӣ бо тадбир ва пайгирии Имом буд”.

Роҳбари Эрон бо ёдоварӣ аз умеди Амрико ба ташкили як ҳукумати созишкор дар Эрон ва таъмини манфиатҳои номашруи амрикоиҳо бар Эрон гуфт: “Имом бо баёни рӯшани мавқеаш дар мавриди ташкили низоми исломӣ дар Эрон ин умеди Амрикоро бардод дод ва тавтеаҳои душманон аз ҳамон ҷо оғоз шуд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаҷм, гуногунӣ ва шиддати тарҳҳои вайронгари Ғарб, бахусус Амрико дар муқобили Инқилоби Исломиро дар таърихи инқилобҳои муосир бесобиқа дониста, афзуд: “Таҳаррукоти қавмӣ, мусаллаҳ кардани гурӯҳҳои зиддиинқилобӣ, пуштибонӣ аз Саддам барои ҳамла ба Эрон ва террори ёрони Имом аз ҷумлаи душманиҳое буданд, ки дар даҳсолаҳои баъд бо террори олимони атомӣ идома ёфт”.

Роҳбари Эрон таҳримҳои ҳамаҷониба, ҳамлаи низомии Амрико ба Табас ва задани ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар Халиҷи Форс низ аз дигар амалҳои душманона дониста, гуфт: “Пушти ҳамаи ин тавтиаҳо давлатҳои истихборӣ, бахусус Амрико ва режими саҳюнистӣ (Исроил) ва хадамоти ҷосусӣ чун CIA, MI6 ва Моссад қарор доштанд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳадафи чунин амалҳои вайрогарро заиф сохтани Ҷумҳурии Исломии Эрон дониста, афзуд, ки “миллат ва низом дар муқобили ҳамаи ин тавтиаҳо истодагарӣ карда, беш аз ҳазор тавтиаро хунсо карданд. Ҷумҳурии Исломӣ на фақат заиф нашуд, балки бо қудрат ба пеш рафт ва боз ҳам бо иқтидор идома хоҳад дод”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ғолиб шудани эҳсосот бар ақлро як офати бузург ва сабаби аслии мунҳариф шудани инқилобҳо, аз ҷумла инқилоби Фаронса дониста, таъкид намуд: “Имом бо табдири илоҳӣ ва ақли муъминонаи худ инқилобро аз ин офат ҳифз кард ва нагузошт эҳсос бар ақл ғолиб ояд ва инқилобро мунҳариф кунад.

Истиқлолият маънояш ин аст, ки Эрон ва миллати он побарҷо истода, интизори чароғаки сабзи Амрико набошанд, балки бо ташхиси худ амал кунанд” – афзуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Оятуллоҳ Хоманаӣ “мо метавонем” –ро муҳимтарин усули иқтиқлолият дониста, афзуд, ки “бар хилофи режими паҳлавӣ, ки ба мардум “мо наметавонем” –ро талқин мекард, Имом “мо метавонем” –ро зинда намуд ва ин руҳия сабаби пешрафтҳои илмӣ, фаннӣ, дифоӣ ва бунёдкорӣ шуд”.

Роҳбари Эрон пешниҳоди атомии Амрико аз тариқи Умон ба Эронро сад дар сад бар зидди руҳияи “мо метавонем” донист.

“Дар оғози инқилоб тавоноии дифоӣ қариб сифр буд, аммо бо таъкиди Имом қудрати дифоӣ афзоиш ёфт ва имрӯз Эрон дар бисёре аз арсаҳои дифоӣ дар сатҳи аввали минтақа қарор дорад” – зикр кард Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Роҳбари Эрон бо ишора ба ин ки Эрон бо ҳушмандии ҷавонон ва кӯшиши олимон тавонистааст давраи комили сӯхти атомӣ дошта бошад, гуфт, ки шумораи кишварҳое, ки ин қобилиятро доранд, андак мебошанд.

“Саноати атомӣ на фақат барои тавлиди барқи тоза, балки барои пешбурди улуми асосӣ, мунҳандисӣ, тиб, фазонавардӣ ва муҳити зист нақши бузург дорад. Ва дар ин соҳа ғанисозии уран нуқтаи асосист, ки душман низ ба он таваҷҷуҳ дорад”- афзуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Роҳбари Эрон таъкид намуд, ки бидуни ғанисозӣ барои таъмин кардани сӯхти неругоҳҳо Эрон бояд дасти эҳтиёҷ ба сӯйи дигарон дароз кунад, ки ин хилофи истиқлолият аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.11.2026 13:43

Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон чорумин кишварест, ки пас аз дархости Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расман раванди хориҷ шудан аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро оғоз кардааст. Ин тасмим дар ҳоле сурат мегирад, ки додгоҳи мазкур моҳи сентябр Тоҷикистонро барои боздошт накардани президенти Федератсияи Русия дар вақти сафараш ба шаҳри Душанбе дар соли 2025 интиқод намуда буд.
24.11.2026 13:23

Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад

Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо имконияти роҳандозии парвозҳои мустақим, зиёд шудани теъдоди парвозҳо ва густариши ҳамкориҳои авиатсиониро баррасӣ намудааст. Ин масъала дар мулоқоти намояндагони мақомоти авиатсияи Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ дар шаҳри Монреали Канада матраҳ шудаанд.
24.11.2026 13:07

Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори «Зал де Актс»-и қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж маросими кушодашавии намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор гардид.
24.11.2026 09:28

Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард

Дар соли 2026 шумораи низомиёни исроилӣ, ки даст ба худкушӣ задаанд, ба баландтарин сатҳ дар 16 соли охир расидааст. Ба гуфтаи манобеи исроилӣ, афзоиши ин ҳолатҳо пас аз оғози ҷанг дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 идома дорад.
24.11.2026 09:22

Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст

Мақомоти баландпояи Либия ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозиро амали душманона ва баробар ба эълони ҷанг алайҳи ин кишвар арзёбӣ кардаанд. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки баъзе ҷонибҳо мехоҳанд Либияро ба низоъҳои Украина ва Судон ҷалб кунанд.
24.11.2026 09:06

Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд

23-юми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ҷаласаи Комиссия баргузор гардид, ки дар он татбиқи ислоҳоти рақамӣ, сифати хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва вазифаҳои минбаъдаи вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
23.11.2026 18:48

Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад

Идораи иктишофии низомии артиши Исроил ба мақомоти баландпояи ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳамлаи ҷадид ба Эрон метавонад боиси оғози ҷанг дар чандин ҷабҳа, аз ҷумла Лубнон, Сурия ва Ғазза шавад.
23.11.2026 15:25

Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад

Аз 23-юм то 27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегардад.