Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард
Дар ҳамлаи мушакии Эрон дар Ҳурмуз 8 низомии Амрико захмӣ шуданд
Зилзилаи сиёсӣ дар Лаҳистон. Номзади мухолифи Иттиҳоди Аврупо пирӯз шуд
Карол Навроски, номзади мухолифон дар даври дувум бо гирифтани аксарияти овозҳо дар интихоботи Лаҳистон пирӯз шуд. Пирӯзии мавсуф дар интихобот зарбаи ҷиддӣ ба ҳукумати Доналд Туск, сарвазири феълии Лаҳистон аст. Пирӯзии ӯ дар интихобот Лаҳистонро вориди мавҷи нави буҳрони сиёсӣ кард.
Карол Навроски бар хилофи рақиби худ Доналд Туск мухолифи сиёсатҳои Иттиҳоди Аврупо аст ва борҳо гуфтааст, ки намехоҳад Иттиҳоди Аврупо сиёсатҳояшро ба Лаҳистон таҳмил кунад.
Тибқи иттилои расонаҳо дар даври дувуми интихоботи президенти Карол Навроски бо фосилаи кам (50, 89 фоиз дар муқобили 49, 11 фоиз) ба рақиби худ Рафал Тшасковский, раиси шаҳри Варшава ва яке аз наздикони Туск пирӯз шуд. Ин пирӯзӣ на танҳо роҳи ислоҳи қонунҳоро барои Туск душвор месозад, балки метавонад иттиҳоди эътилофи ҳокимро таҳдид кунад.
Доналд Туск дар суханроние гуфт, ки дар рӯзҳои наздик аз парлумон раъйи эътимод хоҳад хост. Ӯ афзуд, ки барномаи амалкарди ҳукумати зери роҳбарии президенти нав ниёз ба “ваҳдат ва ҷасорат” –и эътилофи сеҳизбӣ дорад. Раъйи эътимод бояд аввалин имтиҳони ин ваҳдат бошад.
Доналд Туск, сарвазири Лаҳистон гуфт, ки бар асоси қонуни асосӣ ва маромномаи сиёсӣ ҳукумат бо президенти нав дар ҳар куҷое, ки бошад, ҳамкорӣ мекунад, аммо “ҳукумат қасд надорад” ҳатто як ваҷаб аз сиёсат ва барономаҳояш ақибнишинӣ кунад.
Президент дар Лаҳистон ваколатҳои зиёд дорад. Президент на фақат намояндаи кишвар дар хориҷ аст, балки ба сиёсати хориҷӣ таъсир мерасонад, сарвазир ва кобинаро таъйин мекунад ва дар ҳолати ҷанг фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳ аст. Президент метавонад бо истифода аз ваколати вето қарорҳои ҳукуматро бекор кунад. Барои бекор кардани ветои президент овози аксарияти 60 дарсади парлумон лозим аст, ки эътилофи парлумонии Доналд Туск онро надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад