3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:15, Душанбе
29.05.2025 14:56

Муовини президенти Эрон дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода: “Муносибатҳои сиёсӣ дар беҳтарин шароит қарор доранд”

Муҳаммадризо Ориф, муовини президенти Ҷумҳурии Исломии  Эрон, ки ба хотири ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳифзи пиряхҳо ба Тоҷикистон омад, дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои густариши робитаҳои иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҷараёни мулоқот Қоҳир Расулзода  зикр кард, ки равуои дипломатӣ ва нишасти сарони ду кишвар нақши муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба доранд ва ин барои рушди муносибатҳо муҳим аст.

“Итминон дорем, ки созишномаҳои бадастомада миёни Эрон ва Тоҷикистон нақши муҳимме дар густариши равобит дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тандурустӣ ва илму технология хоҳанд дошт. Комиссияҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамчунин, кумитаҳои марбута дар таҳкими робитаҳо миёни ду кишвар нақши муҳим доранд” – гуфт Қоҳир Расулзода.

Қоҳир Расулзода бо ишора ба созишномаҳои имзошуда ва табодули бархе санадҳои ёддошти тафоҳум афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшишҳои муштарак барои иҷрои барномаҳои дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ то соли 2030 ва нақши роҳ барои он афзалият медиҳад.

Муҳаммадризо Ориф дар мулоқот бо ишора ба ин ки робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон дар беҳтарин шароит қарор дорад, гуфт: “Мавқеъгирии ду кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин, ҳамкориҳо дар созмонҳои минтақавӣ нишонаи рушди муносибатҳо аст”.

Муовини президенти Эрон афзуд, ки гуфтугӯи дуҷониба дар фазои самимӣ, дӯстона ва бо ҳадафгузории муштарак баргузор шуд. Ӯ гуфт, ки набояд ба имзо ва табодули санадҳо иктифо кунем, балки барои амалӣ шудани санадҳо кӯшиш кунем. Вазифаи татбиқи санадҳо, қабл аз ҳама ба дӯши комиссияи муштараки ҳукуматӣ аст ва барои иҷрои он бояд талош сурат бигирад.

“Мо ба ин боварем, ки заминаҳои илмӣ ва саноатӣ вуҷуд доранд, бояд ҷиддан мавриди баррасӣ ва машварат қарор гиранд, то шеваи ҳамкорӣ дар ин заминаҳо мушаххас гардад. Ин вазифа, қабл аз ҳама, бар дӯши комиссияи муштарак ва сипас ба уҳдаи вазирону масъулин аст”- афзуд Муҳаммадризо Ориф.

Муовини президенти Эрон афзуд, масъулони ду кишвар бо сафар ва табодули ҳайатҳо талош кунанд, то шинохти бештар аз имконот ва ниёзҳои якдигар ба даст оваранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.