Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
СААД: “Барномаи муҷаҳҳаз кардани марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз соли 2026 то 2029 идома меёбад”
Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ эълон кард, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон барои пешгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ дар 3 марҳила бо таҷҳизоти низомии пешрафта муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ эълон кард, ки бо ҳадафи муқобила бо таҳдидҳои фаромарзӣ марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон то соли 2029 дар се марҳила бо силоҳҳои пешрафта ва инфрасохтори низомӣ муҷаҳҳаз мешавад.
Дабири кулли СААД дар нишасти парлумонии ин Созмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ки ирсоли силоҳу таҷҳизоти низомӣ барои тақвияти марзи Тоҷикистон аз соли 2026 оғоз хоҳад шуд.
Ӯ таъкид кард, ки ҳадафи асосии барномаи мазкур, ки соли гузашта дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон тасвиб шуд, муқобила бо таҳдидҳои фаромарзӣ аз сӯйи Афғонистон аст ва ҳоло вазифаи Созмон иҷрои комили ин барнома мебошад.
Имангалӣ Тасмагамбетов зикр кард, ки таҳдидҳое аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аслитарин омили нигаронии кишварҳои узви СААД ба шумор мераванд.
Тибқи барнома марҳили тақвияти марзӣ то соли 2029 идома хоҳад дошт ва бар асоси он рушди зерсохтҳои низомӣ, афзоиши тавоноии вокуниши сареъ, ҳамоҳангии бештар миёни кишварҳои узв, беҳтар сохтани иртиботот ва ирсоли таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад