4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:48, Душанбе
23.05.2025 15:01

“Садои Амрико” 600 кормандашро аз кор ҷавоб медиҳад

Бархе кормандони “Садои Амрико”, ки визаи муваққати иқомати Амрикоро доранд, баъди бекор шудани шартномаи корӣ маҷбур хоҳанд шуд, ки Амрикоро тарк кунанд. Ин кормандон ба далели ҳамкорӣ бо “Садои Амрико” ва танқиди ҳукуматҳои кишварҳояшон бо сарнавишти номаълум рӯ ба рӯ ҳастанд.

Директори “Садои Амрико” дар номае ба кормандон навиштааст, ки аз шунидани хабари ихроҷҳо “дилшикаста” аст ва ин иқдомро ғайриқобили қабул шарҳ додааст: “ Мо ба талош барои ҳимоят аз ҳамкорон, бахусус касоне, ки мумкин аст маҷбур ба бозгашт ба кишварҳои душман шаванд, дар ин замони душвор идома хоҳем дод”.

Доналд Трамп, президенти Амрико шадидан аз фаъолияти расонаҳои хориҷии таҳти ҳимояти кишвараш интиқод намуда, пешниҳод карда буд, ки маблағгузории ин расонаҳо қатъ карда шавад. Доналд Трамп фаъолияти ин расонаҳоро ба далели гароишоти зиддидемократӣ, гароишоти чапгароёна ва кумак ба исломгароён бар зарари Амрико медонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо