29 Сентябр 2026,
сешанбе, 05:17, Душанбе
14.05.2025 13:31

Матлуба Раҳимова: “Шукргузори ин тақдири "тиллоӣ" ҳастам”

Соли 2008 Матлуба Раҳимова дар саҳнаи калон пайдо шуд. Истеъдоди Худододашро нишон дод ва бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ сарояндаи маъруфу маҳбуб гардид. Дигар гули сари сабади маъракаҳои хурсандӣ ва барномаҳои консертӣ шуд. Дар забони хурду калон номи ин бонуи соҳибистеъдод чарх мезад...

Дар ин миён ӯ аз саҳнаҳои калон каме дур шуд ва алоқамандони ҳунараш пайваста дар ҷустуҷӯяш ҳастанд. Dialog.tj ба суроғи Матлуба Раҳимова рафт, то бифаҳмад, ки сабаби танаффус ё сукуташ дар чист.

ТАНАФФУСЕ, КИ НАБУД

- Бисёр камнамо шудаед, оё танаффус эълон кардеду мо бехабар мондем?

- Не, ман танаффус накардаам, балки аз моҳи октябри соли 2008 то имрӯз дар Ансамбли давлатии «Фалак» ба ҳайси сароянда фаъолият мекунам. Танаффусе, ки шумо дар назар доред, аслан танаффус нест, балки аз сабабе, ки дар барномаву маҳфилҳо камтар намоён мешавам, алоқамандони ҳунарам маро камтар мебинанд ва ин боиси пайдо шудани чунин фикр шудааст.

- Мегӯянд, эҷодкори ҳақиқӣ танаффус карда наметавонад, зеро илҳом вақту замон ва кордориву бекориро намешиносад. Оё шумо ба ин фикр розиед?

- Дуруст аст, ки эҷодкори ҳақиқӣ танаффус намекунад ё аниқтараш танаффус карда наметавонад. Ман савганди дар ҳолати хоб зам-зама карданамро намехӯрам, яъне ёд надорам, аммо дар дигар ҳолат ман ҳамеша бо эҷодам. Мусиқӣ хунест, ки дар рагҳоям ҷорист ва ҳар вақте ки қалбам аз тапидан монад, сукут мекунам. Танаффус ё сукут барои ман нест.

САЛОМУ ПАЁМЕ БА АЛОҚАМАНДОН

- Имрӯзҳо ба чӣ корҳо бандед?

-  Дар умум, ҳолам хуб аст ва пайи корҳои эҷодӣ ҳастам. Дар Ансамбли давлатии «Фалак» бо ҳамкорон бештар рӯйи таронаҳое, ки дастаҷамъӣ дар ҷашнҳои сатҳи баланд сароида мешаванд, кор мекунам. Шояд дар ояндаи наздик алоқамандони ҳунарам маро фақат дар барномаҳое бубинад, ки Ансамбли давлатии «Фалак» роҳандозӣ мекунад. Ҳамчунин, дар баробари омӯзиш аз устодон, нозукиҳои ҳунарро то қадри тавоноӣ ба онҳое, ки нав ба ин соҳа қадам мемонанд, меомӯзонам. Хуллас, кор дар Ансамбли давлатии «Фалак» чунин аст, ҳам меомӯзам ва ҳам меомӯзонам.

- Доир ба сурудҳои наватон бигӯед, оё мухлисонатон интизор шаванд?

- Вазифаву рисолати ҳунармандон бо маҳсули эҷоди нав ба нав табъи мардумро хуш кардан аст ва ман ҳам дар навбати худ кӯшиш мекунам, ки бо таронаҳои нав ба мухлисонам армуғон ҳадя созам. Дар ояндаи наздик тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурудҳои навам нашр хоҳанд шуд.

- Мебинем, ки дар шабакаи Инстаграм фаъол шудаед ва пораҳои сурудҳоятонро нашр мекунед. Бигӯед, ки ин тасмимро чӣ гуна гирифтед?

- Пешопеш бояд бигӯям, ки ман фикри блогер шуданро надорам, балки ин саҳифаи шахсиам аст ва мехоҳам бо алоқамандони ҳунарам дар иртибот бошам. Мехоҳам бар ивази муҳаббату самимияти беинтиҳои мухлисонам ман ҳам дар навбати худ ба онҳо салому паёме бирасонам ва аз навигариҳои эҷодиам хабар бидиҳам. Ин як навъ хотиррасонкунӣ аст, ки ман мухлисонамро фаромӯш накардаам ва ҳамаи корам ба хотири муҳаббати онҳост.

КАШФИ ИСТЕЪДОД

- Шумо истеъдоди Худодод доред ва ин ҳақиқати бебаҳс аст. Соли 2008 дар ҳузури Президенти мамлакат ҳунарнамоӣ кардед ва бо дастгириву ғамхории он кас қадамҳои устуворатонро дар санъат гузоштед...

- Аслан, ин рӯъёи бачагии ман буд. Вақте ки овози маро дар ҳавлии падарӣ танҳо аҳли оила мешуниданд, мехостам, муъҷизае шаваду ба саҳнаҳои калон роҳ биёбам. Хушбахтона, он орзуи кӯдакии ман амалӣ шуд. Ростӣ, тасаввур карда наметавонам, ки агар чунин намешуд, ман ҳоло куҷо будаму ба чӣ кор машғул мешудам. Танҳо шукргузорӣ ин тақдири “тиллоӣ” ҳастам, ки Худованд ба ман додааст. Кӯшиш мекунам, ки қадршиноси дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вақти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Асадулло Раҳмон, устодонам ва ҳамкоронам бошам. Ин ҳама лутфу хубиҳоро медонам ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.

- Роҳи эҷод душвор аст, махсусан барои ҷинси латиф. Бигӯед, ки дар ин роҳ бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудед?

- Ман дар муҳити эҷоду ҳунар ба дунё омадаву бузург шудаам. Аз вақте ки худро мешиносам, бо асбобҳои мусиқӣ сару кор дорам ва ёд дорам, ки вақте амакҳоям дар магнитофон садояшонро сабт мекарданд, ман ҳам ба онҳо пайравӣ карда, суруд мехондам. Дар мавриди мушкил будани роҳи интихобнамудаам бошад, бояд қабул кунем, ки зиндагӣ худаш майдони мубориза аст ва шахсе мағлуб мешавад, ки мадору маҷоли мубориза бурдан надорад. Бархе монеаҳое, ки пайдо мешаванд, онҳо гузарандаанд. Ва ман ҳам зарбаҳое аз худиву бегона хурдам, аммо нашикастам, балки боҷуръаттар шудам. Маҳз мушкилиҳо ҳастанд, ки шахс комилтар мешавад. Ман дирӯзамро фаромӯш кардам ва умед ба фардои нек дорам. Ҳама ноҳамвориҳо бо хости Худо ҳамвор мешавад.

- Мегӯянд, эҷодкорон дар маҳсули эҷодашон қисме аз ҳаёташонро мегузоранд. Оё шумо ҳам дар сурудҳоятон ҳаёти шахсиатонро мемонед?

- Ин сухан дуруст аст. Ман метавонам бигӯям, ки ҳама таронаҳоям баёнгари ҳоли дили худам ҳастанд. Ҷое аз дӯстдориву муҳаббат, ҷое аз дарду доғу ҳиҷрон ва ҷое аз Ватну Модар сурудам, ки ҳама аз дилам баромадаанд. 

“МАН ХУШБАХТАМ”

- Пушти ҳар шахси муваффақ инсон ё инсонҳои муваффақтаре  меистанд. Лутфан, бигӯед, ки нақши волидонатон дар муваффақияти шумо чӣ гуна аст?

- Пушти ман падари бузургам, меҳрубониҳои модарам, муҳаббати беохири устодонам ва самимияти зиёди мардум буд, ки муваффақ шудам. Ҳамеша, ҳар лаҳза ва дар ҳама ҷо ман бо меҳру самимияти мардум дучор меоям, ки агар ин дӯстдориву муҳаббаташонро бо таронаҳоям ҷуброн накунам, худамро қарздор медонам.

- Матлубаи сароянда аз Матлубаи бонуи хона чӣ фарқ дорад?

- Ин Матлуба аз он Матлуба тафоввути кам дорад. Дар ҷойи кор ҳама ҳушу ёдам ба кор ва мусиқӣ аст. Дар хона бошад, фикру хаёлам ба корҳои хона. Чун ман сахт дӯстдори тозагиву тартиб ҳастам, саъй мекунам, ки ҳамеша ҳама ҷо тамизу ботартиб бошад.

- Аз оне, ки як роҳи душворро пеша кардед, пушаймон нестед?

- Не, чунки ман бо хоҳиши зиёд ҳунарманд шудам. Ман душвории роҳро медонистам, медонистам, ки дур аз оғуши волидон дар пойтахт азоб мекашам, вале роҳамро интихоб кардам ва ҳеҷ гоҳ пушаймон нестам. Гоҳ-гоҳе дилгар мешавам, вале пушаймон нестам.

- Шумо хушбахтед?

- Ман худамро зани комилан хушбахт меҳисобам. Ман дар ин Ватан ва миёни муҳаббату самимияти мардуми азиз бисёр хушбахтам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
28.09.2026 07:30

Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 90 иншоотро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
28.09.2026 06:29

Дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои модар ифтитоҳ шуд

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.