Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Пизишкиён: “Даъвогарони ҳуқуқи башар дар гуфтор инсон, аммо дар амал дарандаанд”
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон 12-уми май дар маросими гиромидошти ҳафтаи Ҳилоли Аҳмар гуфт, афроде дар минбарҳо бо либоси зебо сухан аз инсонияту сулҳ мегӯянд, аммо намедонам дар дарунашон чӣ ҷонваре зиндагӣ мекунад, чӣ тавр мешавад, ки занону кӯдаконро кушта ва роҳи обу ғизоро бастаанд.
Масъуд Пизишкиён бо ишора ба вазъияти ҳуқуқи башар дар ҷаҳон афзуд, ки кишварҳои ҳомии ҳуқуқи башар чашм ба ранҷи мардуми бегуноҳ бастаанд ва ҳамон созмонҳое, ки бояд ҳомии мазлумон бошанд, имрӯз аз ҷинояткорон дифоъ мекунанд.
“Намешавад инсон, инсон бошад ва ба фикри инсонҳо набошад. Намешавад инсон дар ин кураи хокӣ зиндагӣ кунад ва мардум гирифтори даранда бошанд ва ӯ бе хаёли онҳо бошад. Нигоҳ ба инсонҳо ва мавҷудоте, ки дар ин курраи хокӣ ҳастанд ва дар як каҳкашоне, ки мечархад ва маълум нест ба куҷо меравад, фурсатест, ки ҳама дар канори ҳам ва дар саломату шодӣ зиндагӣ кунем ва фарёдрас ва кумакрасони якдигар бошем”- гуфт Масъуд Пизишкиён.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар идомаи суханони худ чунин афзуд: “Мо инсонҳое, ки дар ин курраи хокӣ зиндагӣ мекунем, Худоро ибодат мекунем, бояд роҳеро биравем, ки аз Худо мехоҳем ва аз ӯ талаб мекунем. Яъне ҳар гирифтор ва асиру бечора ва гуруснаеро кумак кунем ва нигоҳ кунем, ки ӯ кист, чӣ қавмият ва ҷинсиянте дорад ва дар чӣ бовар ва эътиқоде қарор дорад”.
Масъуд Пизишкиён хитоб ба неруҳои Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, “зоти кори шумо аст, ки сахтиҳову хатарҳоро бипазиред то ҷони инсонҳоро наҷот бидиҳед ва ин ҳамон бовари инсонист, ки бо ҳеч пулу дороӣ наметавон иваз кард”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”