“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Попи нави Ватикан Роберт Франсис Провости амрикоӣ интихоб шуд
Дар як маросими суннатии расмӣ дар Ватикан бо баромадани дуди сафед аз дудбарои Калисои Ватикан хабар расид, ки Попи нави Калисо интихоб шудааст.
Баромадани дуди сафед аз дудбарои калисои Ватикан нишон медиҳад, ки 133 кардинали калисои католикии рӯмӣ дар ҷаласаи махфӣ Попи навро интихоб карданд.
Тибқи расми Калисо барои интихоби Поп Франсис ҳамаи кардиналҳо, ки синашон аз 80 поин аст, ҳадди аққал 20 рӯз пас аз марги Поп ҷамъ мешаванд.
Баромадани дуди сиёҳ аз дудбарои Калисо нишондиҳандаи он аст, ки овоздиҳӣ анҷом ёфта, вале кардиналҳо попи навро интихоб накардаанд. Баромадани дуди сафед аз Калисо нишондиҳандаи он аст, ки кардиналҳо попи навро интихоб кардаанд. Барои мушоҳидаи маросими интихоби попи нави Калисои Ватикан ҳазорон нафар ҷамъ шуда, аз дур ин лаҳзаро мебинанд.
Тибқи гузориши расонаҳо баъди анҷоми маросими овоздиҳӣ Роберт Франсис Провост аз Амрико ба ҳайси Попи нави Калисои Ватикан интихоб шуд.
Кардинал Роберт Провост шахсияти 69-солаи амрикоӣ, ки бахши аъзами фаъолияти динии худро ба ҳайси таблиғгари мазҳабӣ дар Перу сипарӣ намудааст, ба ҳайси Попи нав интихоб гардид. Ӯ номи Папа Лео XIV интихоб кардааст ва аввалин амрикоиест, ки дар таърих ба ҳайси Попи калисои Ватикан интихоб мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид