Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Ироқчӣ боздошти шаҳрвандони эронӣ ба “ҷурми терроризм”-ро маҳкум кард
Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон баъди чанд рӯзи боздошти ҳашт эронӣ ба иттиҳоми талош барои анҷоми амалиёти террористӣ дар қаламрави Британияро маҳкум намуд.
Аббос Ироқчӣ аз боздошти шаҳрвандони Эрон изҳори нигаронӣ намуда, хостори “эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандони эронӣ” шуд.
Мақомоти Британияи Кабир чанде қабл ҳашт нафар эрониро ба гумони талош ба иқдоми террористӣ боздошт карданд. Мақомоти британиягӣ мегӯянд, ки афроди гумонбар чанд лаҳза қабл аз талош барои анҷом додани ҳамлаи террористӣ боздошт шудаанд.
“Аз Британия мехоҳем, ки ба ҳуқуқи шаҳрвандони мо эҳтиром гузорад ва муҳити муҳокимаи одилонаро барои онҳо фароҳам созад. Агар қонуншикании онҳо бо далел собит шавад, Эрон омода аст ба раванди тафтишот кумак кунад”- таъкид кардааст Аббос Ироқчӣ.
Ёдовар мешавем, ки Британия рӯзи шанбе аз боздошти 5 фарди эронӣ дар шаҳрҳои Суиндон, Манчестер, Рочдейл, Стокпорт ва ғарби Лондон хабар дод. Онҳо ба иттиҳоми омодасозии амалиёти бузурги террористӣ бо “як ҳадафи мушаххас” боздошт гардидаанд. Дар як амалиёти дигар Созмони амнияти дохилии Британия 3 нафар эрониро дар шимоли Лондон ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт кард.
Бархе расонаҳои ғарбӣ иртиботи афроди дастгиршударо бо мақомоти эронӣ таъкид кардаанд. Аммо мақомоти Эрон бо вокуниши шадид гуфтаанд, ки афроди боздоштшуда ҳеч иртиботе бо мақомоти эронӣ надоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд