Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Мубодилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба 500 миллион доллар мерасад
Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ, раиси Маркази байналмилалии Вазорати неруи Эрон таъкид кард, ки бо мақсади рушди мубодилоти тиҷоратӣ Эрон ҳадаф дорад, ки дар доираи ҳамкориҳои муштарак мубодилоти тиҷоратӣ бо Тоҷикистонро ба 500 миллион доллар расонад.
Ҳабдаҳумин ҷаласаи комисcияи муштараки иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 5-уми май оғоз шуд” – гуфт Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ.
Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ ишора кард, ки ҳайати тоҷикистонӣ хостори баргузории нишаст дар хориҷ аз шаҳри Теҳронро доштанд ва бо ин асос ҳабдаҳумин нишасти муштараки иқтисодии ду кишвар дар шаҳри Шероз баргузор гардид. Ӯ афзуд, ки мақсади нишаст рушд додани ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ миёни ду кишвар аст.
“Мо дар Эрон дорои тавонмандиҳои бузург дар бахшҳои хизматрасонии фаннӣ ва муҳандисӣ, истеҳсолот ва таҷҳизот, бахусус дар саноати об, барқ, роҳ, нафт, газ, кимиё, донишбунёд ва соҳаи тандурустӣ ҳастем, ки метавон аз онҳо барои густариши ҳамкориҳо истифода бурд”- афзуд Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ.
Расонаҳои эронӣ ба нақл аз Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ навиштанд, ки бисёре аз тоҷикон барои дармон ба шаҳри Шероз меоянд ва яке аз ҳадафҳои муҳимми ду кишвар роҳандозии хатти парвози мустақими Шероз-Душанбе аст, ки аллакай дар ин замина тафоҳуми дуҷониба сурат гирифтааст.
“Ин ҷаласа аз чанд бахш иборат аст. Дар яке аз бахшҳо коршиносони вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои гуногун, ки моҳҳо рӯи масъалаҳои санади тафоҳум кор кардаанд, ҷаласаи ниҳоӣ мегузаронанд ва агар лозим бошад, онро ислоҳ ё тақвият хоҳанд кард”- афзуд Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ.
Мақоми эронӣ гуфт, ки ҳайати тоҷикистонӣ дар ду рӯзе, ки дар Эрон қарор доранд, аз корхона ва марказҳои муҳимми саноатии шаҳри Шероз дидан хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми май 17-умин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз ба кор кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд