24 Ноябр 2026,
сешанбе, 01:48, Душанбе
01.05.2025 13:51

Комисcияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар Шероз баргузор мешавад

Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ, раиси Маркази умури байналмилалии Вазорати неруи Эрон ва раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон гуфт, ки 17-умин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон бо роҳбарии Аббос Алиободӣ, вазири неруи Эрон ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар шаҳри Шероз баргузор мешавад.

Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ афзуд, ки ин иҷлосия фурсати муносиб барои мубодилаи иттилоот, барқарории робитаҳои нави тиҷоратӣ, афзоиши тавонмандии соҳибкорӣ, ошноӣ бо дастовардҳои нави ширкатҳои эронӣ ва ҳамчунин, пул барои рушди содироти мол, таҷҳизот ва хизматрасониҳои фаннӣ, муҳандисӣ ва мубодилаи таҷрибаҳо хоҳад буд.

“Баргузории нишасти тиҷоратӣ миёни 30 тоҷири эронӣ ва 25 тоҷири тоҷик ва ҳамчунин, музокироти соҳибкорон аз ҷумлаи рӯйдодҳои ҳошиявии 17-умин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон хоҳад буд”.

Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ афзуд, мавзуъҳое, ки дар нишастҳои тиҷоратӣ миёни тоҷирони эронӣ ва хориҷӣ баррасӣ мешаванд, вобаста ба лоиҳаҳои обу барқ, неруҳои барқароршаванда, нафту петрохимия, нассоҷӣ, маводи ғизоӣ, хӯрданӣ, сайёҳӣ, беҳдошт ва таҷҳизоти тиббӣ хоҳад буд.

“Дар ин нишасти маштарак тақрибан 20 ниҳоди иҷроия ва вазоратхонаҳои мухталифи Эрон ва 15 намоянда аз ниҳодҳои иҷроияи ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаҳои вижаи гурӯҳҳои кории мутахассисон ширкат хоҳанд кард” – афзуд Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ.

Ӯ таъкид намуд, маросими анҷоми ин рӯйдод, ки шомили имзо намудан ва табодули  санадҳои ҳамкории муштарак аст, бо ҳузури  раисони Комиссияи муштарак – вазири неруи Эрон ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон доир хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

23.11.2026 18:48

Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад

Идораи иктишофии низомии артиши Исроил ба мақомоти баландпояи ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳамлаи ҷадид ба Эрон метавонад боиси оғози ҷанг дар чандин ҷабҳа, аз ҷумла Лубнон, Сурия ва Ғазза шавад.
23.11.2026 15:25

Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад

Аз 23-юм то 27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегардад.
23.11.2026 14:13

Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1-уми октябри соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 миллиону 867 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад.
23.11.2026 12:14

Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар сари дастархон ороста бо меваҷот Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия нишастаанд.
23.11.2026 09:25

Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд

Дар ҳошияи нахустин форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муколамаи тамаддунҳо дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шехават мулоқот намуд.
23.11.2026 09:23

Қатар довталабони тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад

Бинобар иттилои Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми кишвар, Давлати Қатар барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2026-2027 бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо кардааст.
23.11.2026 08:13

Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА, ҳушдор додааст, ки дар сурати ба мувофиқа нарасидан бо Эрон, эҳтимол дорад пас аз 1-уми январ ҳамлаҳои низомии нав алайҳи ин кишвар анҷом дода шаванд.
23.11.2026 08:08

Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст

Рангин Додфар Сепанто, мушовири пешини амнияти миллӣ ва вазири корҳои хориҷии ҳукумати пешини Афғонистон, аз сиёсати Олмон дар баробари Толибон интиқод карда, онро намунае аз меъёрҳои дугона ва риёкории сиёсӣ хондааст.
21.11.2026 14:33

Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ

Намояндаи Ҳизби ҳокими Озарбойҷон пешниҳод кардааст, ки масъалаи маблағгузории давлатии таҳсил ба забони русӣ дар мактабҳои кишвар аз нав баррасӣ шавад. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло дар бахшҳои русизабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.