Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Масъули эронӣ тоҷикистониёнро ба сайёҳати Шероз даъват кард
Масъуд Гударзӣ субҳи рӯзи душанбе дар маҷлиси ситоди ҳамоҳангии баргузории иҷлосияи Комисcияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон гуфт, ки дар солҳои ахир робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон дӯстона ва наздик шудааст ва Тоҷикистон Эронро ҳамчун як шарики қавӣ ва бародари бузург дар сатҳи минтақа медонад.
Ӯ ба гузаштаи муштараки таърихиву фарҳангӣ ва забонии ду миллат ишора карда, афзуд, ки таърихи пурифтихори Эрони бузург барои ҳар ду кишвар хатарҳои муштаракро дар бар мегирад ва миёни мардумони Эрон ва Тоҷикистон як навъ пайванди бародарӣ вуҷуд дорад.
Сарпарасти муовини ҳамоҳангии корҳои иқтисодии ҳукумати вилояти Форси Эрон Масъуд Гударзӣ осори таърихӣ, зарфиятҳои фарҳангиву сайёҳӣ, бахусус сайёҳии тиббиро барои Тоҷикистон бисёр ҷолиб арзёбӣ ва илова кард:
“Дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки метавонад заминаи ҳамкориҳои муштарак миёни ду кишвар гардад, таваҷҷуҳ ба таъриху фарҳанг ва фиристодани сайёҳон барои боздид аз маконҳои фарҳангӣ, осори таърихӣ ва манзараҳои табиӣ ҳамроҳ бо дарёфти хадамоти дармонӣ, шаҳри Шерозро ба як макони ҷаззоб барои миллати Тоҷикистон табдил додааст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд