3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:16, Душанбе
15.04.2025 17:49

Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон рафт

Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел барои анҷом додани сафари давлатӣ ва гуфтугӯ бо мақомоти сиёсиву низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди майдони ҳавоии шаҳри Шерози Эрон шуд.

Раиси вилояти Форс Ҳасаналӣ Амирӣ дар майдони ҳавоии Дастғайби Шероз Эмомалӣ Собирзодаро бо истиқболи гарм пешвоз гирифт.

Ҳасаналӣ Амирӣ, раиси вилояти Форс дар ҷараёни мулоқот бо Эмомалӣ Собирзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Эрон муштаракоти фарҳангии зиёд доранд.

Ҳасаналӣ Амирӣ дар ин мулоқот бо ишора ба ҳузури ду моҳ қабли сафири Тоҷикистон дар шаҳри Шероз гуфт, умедвор аст, ду кишвар бо гузаштаи муштараки таърихиву фарҳангӣ метавонанд ҳамкориҳои мухталиф, бахусус дар заминаи фарҳангро рушд диҳанд.

Вазири тоҷик низ дар ин дидор бо таъкид ба робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон аз ҳузураш дар ин кишвар эҳсоси хушҳолӣ намуда, аз пазироии гарму самимии раиси вилояти Форс сипосгузорӣ намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.