12 Июл 2025,
шанбе, 02:53, Душанбе
02.04.2025 16:06

Ҳунарманд дар театр ва момодоя дар таваллудхона. Савлатмо чӣ гуна ба рӯҳ ва ҷисми инсонҳо кумак мекунад?

Савлатмо Ақназарова аз ҷумлаи ҷавонони соҳибистеъдодест, ки ҳоло дар ду соҳаи тамоман аз ҳамдигар фарқкунанда фаъолият мекунам. Ӯ дар як вақт ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва ба ҳайси момодоя дар таваллудхона фаъолият мекунад. Мегӯяд, корҳояш ба якдигар халал намерасонанд ва бисёр хушҳол аст, ки дар театр ба рӯҳ ва дар таваллудхона ба ҷисми инсонҳо кумак мекунад.

Dialog.tj аз Савлатмо Ақназарова доир ба ҳаёту рӯзгораш, махсусан фаъолияташ дар театр ва муҳимияти таҳсилу касбомӯзии духтарон пурсид, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад. 

"ОҲИ САБУК МЕКАШЕМ"

- Ҳоло пайи кадом корҳоед?

- Ҳоло пайи корҳои театрӣ ҳастам. Дар намоишномае аз рӯйи “Достони Сиёвуш” кор карда истодаем, ки дар он нақши Судобаро иҷро мекунам. Якуним моҳ мешавад, ки тамринҳо ҷараён доранд ва аслан ин намоишро барои “Парасту” омода карда истодаем.

- Дар намоиши мазкур нақши марказиро мебозед, оё барои як ҳунарманди ҷавон душвор нест чунин масъулияти бузургро ба зимма гирифтан?

- Ростӣ, наздики ҳафт сол мешавад, ки дар театр кор мекунам ва аксари нақшҳои офаридаам марказӣ ҳастанд. Хеле хушҳолам, ки ба ман бовар мекунанд ва ин масъулиятро бо ҷону дил қабул мекунам. Зеро ҳамеша душворӣ дар пайи худ таҷриба ва рушди малакаҳоро дорад.

- Мо бисёр мефаҳмем, ки ҳунармандон ба нақш медароянду аз нақш мебароянд, ҳамин раванд чӣ гуна аст?

- Ин раванди сода нест, зеро ҳунармандро мебояд муддате ҳамчун персонажи асар фикр кунад, гап занад, бихандад, бигиряд, биҷангад... умуман зиндагӣ кунад. Барои ин, албатта, моҳҳо тамрин мекунад ва кӯшиш менамояд, ки ба воситаи рафтору гуфтори персонажаш ба тамошобин бадиро маҳкуму некиро талқин кунад.

- Моҳҳо тамрин кардед, ба нақш даромадед ва таври мехостаатон ба мардум расонидед, баъд чӣ мешавад?

- Албатта, сабукие эҳсос мешавад, оҳи сабук мекашем. Агар тамошобин хуб қабул кард, сарамон ба осмон мерасад. Вале набояд фаромӯш кард, ки хоҳ-нохоҳ асари ҳар асар дар зеҳну рӯҳи ҳунарманд муддате мемонад.

 ТЕАТР ВА ТАВАЛЛУДХОНА

- Чӣ гуна ба касби ҳунарпешагӣ шавқ пайдо кардеду ин соҳаро омӯхтед?

- Фикри ҳунармандшавиро надоштам, балки овозхониро бисёр дӯст медоштам. Ҳамчунин, табиб шудан мехостам. Аммо тибқи квотаи президентӣ ба шуъбаи фарҳангшиносии факултаи режиссураи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шудам. Дар аввали таҳсил хостам ба шуъбаи овозхонӣ интиқол гирам, аммо аз тасмимам гаштам ва аллакай дар курси дуюм дар театри таҷрибавии тамошобини ҷавон “Аҳорун” ҳамчун ҳунарпеша фаъолиятамро оғоз кардам.

- Орзуи овозхонӣ ва табибӣ амалӣ нашуда монд?

- Не, пас аз хатми донишкада ман ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дохил шудам ва ҳамчун момодоя онро бомуваффақият хатм кардам. Ҳоло дар баробари кори театр, инчунин, дар таваллудхона низ фаъолият мекунам. Масъалаи овозхонӣ бошад, ҳоло танҳо барои худам мехонам.

- Аҷиб, шумо кӯшиш мекунед, ки дар театр ба рӯҳ ва дар таваллудхона ба ҷисми одамон кумак кунед. Чӣ гуна ин ду корро пеш мебаред?

- Корҳоям ба якдигар халал намерасонанд, зеро вақтамро дуруст тақсим кардаам. Давоми ҳафта ҳам дар таваллудхона фаъолият мекунам ва ҳам дар театр. Ҳар ду корамро дӯст медорам ва хушҳолам, ки ба ҷомеа каме ҳам бошад нафъ мерасонам.

- Агар сафарҳои ҳунарӣ пайдо шаванд, коратон дар таваллудхона чӣ мешавад?

- Дар чунин ҳолатҳо ба маъмурият хабар медиҳам ва ба ҷоям дигаре ба кор мебарояд ва вақте ки баргаштам, набуданамро ҷуброн мекунам.

- Барои ҳунарманд, як шахси эҷодкор диплом ва таҳсили расмӣ муҳим аст?

- Аз нигоҳи ман хеле муҳим аст. Таҳсили расмӣ ба мо имкон медиҳад, ки тамоми нозукиҳои касбамонро омӯзем ва худро ҳамаҷониба рушд диҳем. Аммо набояд фаромӯш кард, ки боз шахсоне ҳам ҳастанд, ки бидуни таҳсил дар роҳи ноҳамвори санъат мавқеъ ёфтаанду маҳбуби мардум гаштаанд.

- Мутаассифона, ба ном ҳунарманд ҳоло хеле зиёд шудааст. Ҳатто дар ду ролики интернетӣ ҳам нақш офарад худро ҳунарпеша мегӯяд, ба ин падида чӣ назар доред?

- Албатта, ин хуб нест, зеро онҳо метавонанд номи ҳунармандонро доғдор кунанд. Бояд худро такмил дода, малакаҳояшонро рушд диҳанд.

- Чаро шумо мисли бархе ҳунармандони ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестед, дар наворҳои блогерон иштирок намекунед?

- Хоҳишу ҳавсала надорам. Аз ҷониби блогерон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ман хеле даъват мешавад, аммо қабул намекунам.

ТЕАТРУ СИНАМО

- Замоне дар Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон “Аҳорун” фаъолият кардед, он ҷо коратон чӣ гуна буд?

- Замони донишҷӯӣ дар «Аҳорун» фаъолият мекардам. Корам он ҷо бисёр хуб буд, зеро назарияро, ки аз донишкада меомӯхтам, бо амалия тавъам менамудам. Дар театри мазкур тӯли се сол фаъолият намудам ва ҳам нозукиҳои касбамро омӯхтам ва ҳам таҷриба гирифтам. Ҳамин тавр, пас аз хатми донишкада барои боз ҳам худро сайқал додан ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омадам.

- Оё мушкил набуд ба театри академӣ шомил шудан?

- Замоне ки ман ба Театри Лоҳутӣ омадам, директор устод Лутфулло Давлатзода буданд. Он кас бо ман суҳбат карданд ва ҳамчун роҳнамо махсусияти кор дар театрро фаҳмониданд. Ҳамин тавр, маро барои давраи санҷишӣ ба кор қабул карданд.

- Ба ҳунарпешаи ҷавони театр ба мисли шумо ҳунармандони касбӣ чӣ гуна муносибат мекунанд?

- Устодони ниҳоят гиромӣ бо ҳунармандони ҷавон хеле муносибати хуб доранд. Ҳамчун роҳнамо хатоҳоямонро мегӯянд, тавсияҳо медиҳанд ва албатта, аз муваффақиятҳоямон шод мегарданд.

- Дуруст аст, ки ҳунармандони ҷавон дар театр кам дорем. Ба фикри шумо чаро хатмкунандагони соҳаи санъат кам ба театрҳо меоянд барои кор кардан?

- Театр маконест, ки ҳар кас ворид шуда наметавонад ва агар ворид шуд, дигар берун шуда наметавонад. Ин ҷо бисёр ҷойи муқаддас аст. Масалан, ман чанд маротиба хостам корро тарк кунам, вале натавонистам.

- Оё қабл аз баромад дар саҳна тарс ё ҳаяҷонро эҳсос мекунед?

- Албатта, дастҳову пойҳо меларзанд, аммо баробари каме дар саҳна будан, ба муҳит мутобиқ мешавӣ.

- Оё ягон нақше буд, ки онро қабул накардед? Агар ҳа, чаро?

- Не, ман ҳунарпешаам ва ҳақ надорам ба ин.

- Дар синамо низ дар чанд филм нақш офаридаед, аммо кам?

- Дар якчанд филм нақш офаридаам ва ростӣ театрро дар ҷойи аввал медонам. Ҷаззобияти театр маро асир кардааст.

- Оё ният доред, ки берун аз ҳунарпешагӣ низ фаъолият кунед, масалан коргардонӣ ё нависандагӣ?

- Ният дорам ва барои боз ҳам сайқал додани худам кӯшиш мекунам.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ

- Ҳар рӯз аз сари нав зиндагӣ мекунед ё зиндагиятон такрор мегузарад?

- Баъзан мешавад, ки ҳар рӯзам якранг мегузарад, аммо боз мешавад ҳолатҳое, ки ҳодисаву гардишҳои навро таҷриба мекунам.

- Ба шумо кадом вариант маъқул аст?

- Албатта, роҳи дуюм.

- Хобе дидаед, ки умуман фаромӯш нашуда бошад?

- Бале, аммо он хобро гуфта наметавонам.

- Хушбахтарин лаҳзаи ҳаёти Шумо кадом аст?

- Ҳар рӯз хушбахтам, зеро хушбахтиро дар саломатӣ, дар оромиш ва будани модарам медонам ва шукр ин ҳамаро ман дорам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

11.07.2025 10:26

Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни тамоси телефонӣ бо Антониу Кошта, раиси Шурои Аврупо дар хусуси вазъияти байналмилалӣ ва робитаҳои миёни Эрону Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ кард. Ӯ таъкид кард, ки такрори ҳар гуна таҷовуз бар зидди Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
11.07.2025 10:10

Кори расмӣ дар Кореяи Ҷанубӣ. Аз корҷӯёни тоҷик чӣ талаб карда мешавад?

Агентии бакортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки барномаи нави ҷалби шаҳрвандони кишвар барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ оғоз шудааст.
11.07.2025 08:59

Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тадбирҳои фаъолро барои пешгирии фаъолияти фолбин ва ҷодугарҳо идома медиҳад, то ин навъи фаъолияти ғайриқонунӣ пурра решакан гардад.
11.07.2025 08:52

Чин ва Ӯзбекистон мехоҳанд роҳи оҳани бисёрсамтаи Осиёи Марказиро густариш диҳанд

Вазирони нақлиёти Чин ва Ӯзбекистон дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба ба ҳамкориҳои зерсохторӣ ва густариши лоиҳаҳои роҳи оҳан ва роҳҳои бисёрсамта дар доираи робитаҳои стратегии миёни ду кишвар таъкид намуданд.
11.07.2025 08:43

Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Гулназар Келдӣ. Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат хабар медиҳад, имрӯз, 11-ум июл сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.
10.07.2025 15:34

Тим Бурчет: “Амрико дар ҳар ҳафта ба Толибон 20 миллион доллар пул мефиристад”

Дар идомаи интиқодҳо аз сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Афғонистон Тим Бурчет, намояндаи Ҷумҳурихоҳони Конгресси Амрико аз кумакҳои молии доимии Вашингтон ба гурӯҳи террористии Толибон парда бардошт. Ӯ эълон кард, ки давлати Амрико ҳар ҳафта 40 миллион доллар ба Толибон ирсол мекунад. Рақаме, ки ба гуфати ӯ, дар маҷмуъ то кунун ба тақрибан 5 миллиард доллар расидааст.
10.07.2025 15:20

Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад

Бонки миллии Қазоқистон бо ташаббуси яксилсила сиёсати нав ба дунболи табдили Қазоқистон ба қутби блокчейн дар Осиёи Марказӣ аст. Ин иқдом дар чорчӯби ташаккули захираи миллии дороиҳои рақамӣ, ки дорои криптовалютҳои мусодирашуда ва истихроҷшуда аз сӯи давлат хоҳад буд, рӯи даст гирифта шудааст.
10.07.2025 11:19

БРИКС низоми якқутбии Ғарбро бо низоми бисёрқутбии одилона иваз мекунад

Дар пойтахти Бразилия Саммити солонаи БРИКС бо ширкати роҳбарони кишварҳои аъзо ва кишварҳои нозир доир гардид. Ин нишаст, ки дар фазои тантанавӣ ва пур аз мубоҳисаҳои муҳим сурат гирифт, ба баррасии масъалаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйироти иқлим ва амнияти байналмилалӣ бахшида шуд. Суханронии роҳбарони кишварҳо, аз ҷумла президентҳои Русия, Чин, Бразилия ва намояндагони Ироқ, ки ба ҳайси узви нозир ширкат доштанд, мавзуъҳои калидии рӯзномаи ҷаҳониро рӯшан намуданд.
10.07.2025 11:04

Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба рушди “иқтисоди сабз” ва гидроэнергетика таъкид карданд

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид. Дар ин ҳамоиш сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров ширкат намуда, дар ҳузури доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ суханронӣ намуданд.
10.07.2025 10:55

Толибон аз Қазоқистон хост ин гурӯҳро ба расмият шиносад

Сафири гурӯҳи террористии Толибон дар Остона Муҳаммад Раҳмон дар мулоқот бо намояндаи хоси президенти Қазоқистон Эркин Туркумов хост, ки ба мисли Федератсияи Русия ин гурӯҳро ба расмият шиносанд.