Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
“Ҷанги лафзӣ”-и Амруллоҳ Солеҳ бо Аҳмад Масъуд. “Ман бояд раҳбар шавам”
Хабаргузории “Тасним”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аз қавли манобеаш навишт, ки маҷлиси комилан “сирӣ”-и роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо баҳсҳои шадид оғоз шуда, бо “ҷанги лафзӣ” поён ёфт.
Дар ин маҷлис миёни Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ ҷангҳои шадиди лафзӣ сурат мегирад ва Амруллоҳ Солеҳ ошкоро мегӯяд: “Ман ҳақи роҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро дорам”. Дар посух Аҳмад Масъуд дархости ӯро рад мекунад.
Амруллоҳ Солеҳ, собиқ муовини президенти Афғонистон гурӯҳеро бо номи “Раванди сабз” раҳбарӣ мекунад. Дар маҷлис Амруллоҳ Солеҳ аз Аҳмад Масъуд мехоҳад, ки ташкилоти “Раванди сабз” ҷудо аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон фаъолияташро идома диҳад. Аммо Аҳмад Масъуд ба ин пешниҳоди Амруллоҳ Солеҳ посухи рад медиҳад.
Тибқи иттилоъ, ихтилофи назарҳо то ҳадде шиддат меёбад, ки Амруллоҳ Солеҳ зимни баҳс ба Аҳмад Масъуд мегӯяд: “Ман низ ҳаққи раҳбарӣ дорам. Ин ман будам, ки туро аз Кобул ба Панҷшер овардам ва муқовиматро оғоз кардам”. Аммо Аҳмад Масъуд ин изҳоротро рад карда, таъкид мекунад, ки “Раванди сабз” ҳаргиз ҳамчун як ҷараёни мустақил пазируфта нахоҳад шуд.
Амруллоҳ Солеҳ бо шунидани ин посух асабонӣ шуда, маҷлисро тарк мекунад.
Як манбаъ, ки дар ин маҷлис ҳузур дошт, баҳси Аҳмад Масъуд бо Амруллоҳ Солеҳро тасдиқ кард ва гуфт, ки Амруллоҳ Солеҳ мехоҳад роҳбарии комили Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро бар уҳда гирад. Ин нафар гуфта, ки дар миёни аъзои барҷастаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нисбат ба Амруллоҳ Солеҳ эътимод вуҷуд надорад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар солҳои ахир равобити танготанг миёни Ҳиндустон ва Толибон эҷод шудааст, ҳаракатҳои ахири Амруллоҳ Солеҳ дар дохили Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон “машкук” ба назар мерасад. Ин манбаъ, ки дидгоҳи бетарафона дорад, гуфт Амруллоҳ Солеҳ солҳо боз яке аз каналҳои боэътимоди таъсиргузори Ҳинд дар Афғонистон аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”