3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:07, Душанбе
20.03.2025 12:21

Толибон дар як сол 22 расонаро баста ва 50 рӯзноманигорро боздошт кардаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон дар гузориши солонаи худ гуфт, ки дар соли 2024 нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва расонаҳо 24% афзоиш ёфтааст. Ин марказ таъкид кард, ки дар соли ҷорӣ 172 мавриди нақзи ҳуқуқ, аз ҷумла қатъи фаъолияти 22 расона ва боздошти 50 рӯзноманигор аз сӯйи Толибон сабт шудааст.

Ин марказ хабар дод, ки фишори Толибон ба озодии матбуот дар 12 моҳи гузашта бештар шудааст ва сатҳи поймолшавии ҳуқуқи рӯзноманигорон афзоиш ёфтааст.

Маркази хабарнигорони Афғонистон дар гузориши вижа зикр кардааст, ки 122 мавриди таҳдид, 22 мавриди қатъи фаъолияти расонаҳо, 50 мавриди боздошти рӯзноманигорон аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон сурат гирифтааст. Дар гузориш зикр шудааст, ки 15 расона то ба ҳол иҷозаи дубораи фаъолият нагирифтаанд ва 10 рӯзноманигор ҳанӯз дар зиндон ба сар мебаранд.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки баъди татбиқи қонуни “Амр ба маъруф” –и Толибон нозирони мазҳабии ин гурӯҳ назорати шадидтар аз болои расонаҳоро ба роҳ мондаанд. Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки онҳо ҳамроҳ ба хадамоти истихбороти Толибон сиёсати маҳдудкунии расонаҳоро иҷро мекунанд.

Маркази хабарнигорон мегӯяд, ки Комиссияи расидагӣ ба шикояти расонаӣ ба ҳошия ронда шудааст ва дар ин муддат 5 дастури маҳдудкунандаи нав бар зидди расонаҳо содир шудааст, ки иборат аст аз: манъи нашри тасвири ҳайвонҳои зинда, манъи пахши зиндаи барномаҳои сиёсӣ, манъи барномаҳои интиқодӣ, манъи даъвати меҳмонон бидуни ҳамоҳангӣ бо Толибон, маҷбур намудани расонаҳо ба истифодаи калимаҳои “шаҳид” ва “шаҳодат”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.